Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

над. Ва ин ҷинсро аз сухан фоида нест, магар он ки дилҳоро мувашваш кунад ва ақлҳоро мадҳуш ва зеҳнҳоро ҳайрон, ё боис бошад бар он, ки маъниҳое аз он мафҳум карда шавад, ки бад-он алфоз онро нахоҳанд ва мафҳуми ҳар касе бар муқтазии ҳавову табъи ӯ бувад.

Қола — алайҳи-с-салом: «Мо ҳаддаса аҳадукум қавман биҳадисин ло яфҳамунаҳу илло кона фитнатан алайҳим». [63] Ҳеҷ кас аз шумо бо гурӯҳе ҳадисе, ки мафҳуми эшон набуҳад нагуфт, ки на фитна шуд бар эшон.

Ва қола — алайҳи-с-салом: «Каллиму-н-носа мо яърифуна ва даъу мо янкируна, атуридуна ан юказзибу-л-Лоҳу ва расулуҳу?». Ай, бо мардумон сухане гӯед, ки онро бишносанд ва он чӣ нашносанд бигзоред, ӯ мехоҳед, ки такзиби Худо ва Расули Ӯ ҳосил шавад? Ва ин дар суханест, ки гӯяндаи вайро мафҳум бошад ва ақли шунаванда бад-он нарасад, пас чӣ гуна бошад дар он чӣ гӯяндаро ҳам мафҳум набвад? Пас, агар гӯяндаро мафҳум бувад шунавандаро на, зикри он раво набошад.

Ва Исо — алайҳи-с-салом — гуфт: «Ло тазау-л-ҳикмата инда ғайри аҳлиҳо фатазлимуҳо ва ло тамнаъуҳо аҳлаҳо фатазлимуҳум, куну ка-т-тайиби-р-рафиқи язаъу-д-давоа фи мавзиъи-д-дои». Ай, ҳикматро ба ноаҳл мадиҳед, ки бар ҳикмат зулм бошад ва аз аҳли он бозмадоред, ки бар эшон зулм бувад, чун табиби рафиқ бошед, ки доруро ба мавзеи дард махсус кунад. Ва дар ривояти дигар омадааст: «Ман вазаъа-л-ҳикмата фи ғайри аҳлиҳо ҷаҳала ва ман манаъаҳо аҳлаҳо залама, инна ли-л-ҳикмати ҳаққан ва инна лаҳо аҳлан, фааъти кулла зӣ ҳаққин ҳаққаҳу». Ҳар кӣ ҳикмат ба ноаҳл диҳад ҷоҳил бошад ва ҳар кӣ аз аҳл боздорад золим бувад, ҳикматро ҳақкест ва онро аҳле, пас ҳаққи ҳар мустаҳиқке ба вай бояд дод.

Ва аммо томмот он чӣ дар шатҳ гуфтем дар он ҳам

пешина
аз 567
навбатӣ