Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

дохил аст ва кори дигар аст, ки ба томмот махсус аст ва он гардонидани алфози шаръ аст аз зоҳирҳое, ки аз он мафҳум шавад ба корҳои ботин, ки аз он дар фаҳм наёяд, чунон ки ботиниён дар таъвилот кунанд. Ва ин низ ҳаром аст ва зиёни он бузург. Чӣ алфоз чун аз муқтазии завоҳири он гардонида ояд бе ҳуҷҷате, ки аз соҳиби шаръ нақл шавад ва бе зарурате, ки доии он бошад аз далели ақл, эътимод аз алфоз бархезад ва манфаати каломи Худой ва Пайғомбари Ӯ соқит гардад, чӣ он чӣ дар фаҳм собиқ бошад, бар он вусуқе намонад ва ботин мазбут нест, бал ҳавотир дар он мутаориз бошад ва бар ваҷҳҳои мухталиф ҳамл тавон кард. Ва ин низ аз бидъатҳои шоеъ аст, ки зарари он азим аст ва мақсуди асҳоби он чизе ғариб овардан аст, чӣ нафсҳо сӯйи ғариб моил бошад ва аз он лаззат ёбад. Ва ин тариқ, ботиниён василати ҳадми шариат сохтаанд ба таъвили завоҳир ва танзили он бар раъйи худ, чунон ки дар китоби «Мустазҳарӣ», ки дар радди ботиниён [64] тасниф шудааст, аз мазҳаби эшон ҳикоят кардаем.

Ва мисоли таъвили аҳли томмот қавли баъзе аз эшон аст дар таъвили қавли Худой - азза ва ҷалл: «Изҳаб ило Фиръавна иннаҳу тағо»¹, ки ин ишоратест ба дили ӯ ва мурод аз лафзи Фиръавн ӯст ва ӯ тоғӣ аст бар ҳар одамие. Ва дар таъвили «Алқи асока», ай кулли он чӣ бар он такя дорӣ ва эътимод кунӣ ба ҷуз Ҳаққи таъоло, бояд, ки онро бияндозӣ. Ва дар қавли Пайғомбар – алайҳи-с-салом: «Тасаҳҳару фаинна фи-с-суҳури баракатан»². Кӣ мурод аз ин истиғфор аст дар саҳаргоҳ. Ва амсоли он, то ба ҳадде, ки ҷумлаи Қуръонро аз аввал то ба охир мебигардонанд аз зоҳири он ва тафсире, ки аз Абдуллоҳи Ибни Аббос ва дигар уламо нақл шудааст.

Ва бутлони баъзе аз ин таъвилот ба тариқи қатъ до-

______________________ 1 Тоҳо, 20:24.
2 Саҳарӣ хӯред, зеро дар саҳарӣ хӯрдан баракат аст.

пешина
аз 567
навбатӣ