Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ниста мешавад, чунон ки танзили Фиръавн бар дил, чӣ Фиръавн шахсе махсус буд, ки вуҷуди ӯ ва даъвати Мӯсо вайро ба тариқи тавотур1 ба мо расидааст, чун Бӯлаҳаб ва Бӯҷаҳл ва ғайри эшон аз кофарон ва на аз ҷинси девон ва фариштагон ва он чӣ ба ҳисс дар натавон ёфт, то таъвилро ба алфози он роҳ бувад. Ва ҳамчунин ҳамли «тасахҳару» бар истиғфор, чӣ Пайғамбар – алайҳи-с-салом – таом тано- вул кардӣ ва гуфтӣ: «Тасахҳару, ва ҳаlумму2 ила-л-ғизои-л- муборак». Ва ин корҳоест, ки бутлони он ба тавотур ва ҳисс дар метавон ёфт. Ва бутлони баъзе аз он ба ғолиби занн дониста шавад ва он дар корҳоест, ки тааллуқ ба ҳисс надорад ва кулли он ҳаром аст ва гумроҳӣ ва табоҳ карда- ни дин бар халқ ва чизе аз он аз саҳоба ва тобеин нақл на- шудааст ва на аз Ҳасани Басрӣ, ки бар даъвати халқ ва ваъзи эшон иқболе дошт.

Ва қавли Пайғамбарро – алайҳи-с-салом: «Ман фас- сара-л-Қуръона бираъйиҳӣ фа-л-ятабавваъ мақъадаҳу мина- н-нори»3 маъние ҷуз ин намат зоҳир намешавад ва ӯ он аст, ки ғараз ва раъйи касе такрири коре ва таҳқиқи он бошад. Пас шаҳодати Қуръонро сӯи он кашад ва онро бар он ҳамл кунад бе он ки дар танзили ӯ бар он далолати лафзии лу- ғавӣ ё нақлӣ шоҳид бошад. Ва набояд, ки аз ин ҳадис он мафҳум кунад, ки Қуръонро ба истинботу назар тафсир набояд кард, чӣ дар баъзе оёт аз саҳоба ва муфассирон – разия-л-Лоҳу анҳум аҷмаин – панҷ, шаш ва ҳафт қавл нақл шудааст ва маълум аст, ки кулли он аз Пайғамбар масмӯъ нест, чӣ мутанофӣ аст ва [ғайри] қобили ҷамъ. Пас мустан- бит бошад ба ҳусни фаҳм ва тӯли назар. Ва барои ин Пай- ғамбар – алайҳи-с-салом – дар ҳаққи Абдуллоҳи Аббос гуфт:

1 Тавотур – пушти сари ҳам омадан, паё пай будан.
2 Ҳаlумму – биёед.
3 Ҳар кӣ Қуръонро ба раъйи худ тафсир кунад, хештанро дар оташ ҷой сохта бошад.

пешина
аз 567
навбатӣ