Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
«Калиматун мина-л-ҳикмати ятаалламуҳа-р-раҷулу хайрун лаху мина-д-дунё»¹. Пас бингар, ки ҳикмат чӣ чизро хонданд ва имрӯз чӣ чизро мегӯянд! Ва боқии алфоз бар он қиёс кун. Ва аз фирефта шудан ба талбиси уламои бад муҳтариз бош, ки шарри эшон дар дин батар аз шарри девон аст. Чӣ дев ба воситаи эшон дин аз дилҳои мардумон берун барад. Ва барои он Пайғомбарро чун аз батарини халқ пурсидаанд ибо кард ва гуфт: «Аллоҳумма ғафран». То он гоҳ, ки суол мукаррар карданд, пас гуфт: «Уламоу-с-сӯъ». Ва ту илми сутудаву накӯҳида ва сабаби пӯшида шудани яке ба дигарӣ бишнохтӣ ва мухайярӣ дар он ки назаре фармоӣ дар ҳаққи нафси худ ва иқтидо ба салаф кунӣ то ба риштаи ғурур дар чоҳи залолат нашавӣ ва ё [ба халаф] ташаббух намой. Чӣ кулли он чӣ писандидаи салаф буд аз [илмҳо] мундарис шудааст ва аксар он чӣ мардумон бар он иқбол намудаанд, бидъат ва муҳдас аст. Ва қавли Пайғомбар – алайҳи-с-салом – дуруст шудааст, ки: «Бадаа-л-ислому ғарибан ва саяуду [ғарибан] камо бадаа, фатубо ли-л-ғура-бои». Аҷаб, ислом дар аввал ғариб буд ва зуд бошад, ки боз ғариб шавад, [66] пас хунук² мар ғарибонро.
Мутарҷим мегӯяд, ки ғариб беидро гӯянд ва камназирро. Ва ин ҳар ду сифати аҳли ислом буд дар аввал, чӣ ҳоли эшон дар ғояти дурӣ буд аз аҳволи халқ, чӣ ҳама дар куфру ҷаҳолат ва ширку залолат буданд ва мусулмонон дар ғояти қиллат.
Чун Пайғомбар ин бигуфт пурсидаанд, ки ғурабо киёҳнанд. Гуфт: «Аллазина юслиҳуна мо афсадаҳу-н-носу мин суннатӣ ва юхявна мо амотаҳу-н-носу мин суннатӣ». [Ай], он касоне, ки ислоҳ кунанд он чӣ мардумон табоҳ кардаанд аз суннати ман ва эҳё кунанд он чӣ мардумон бигзоштаанд.
1 Агар мард калимае аз ҳикмат биёмӯзад, барояш беҳтар аст аз ҷаҳон ва ҳар чӣ дар он аст.
2 Хубу хуш, хуҷаста.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо