Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

аз суннати ман. Ва инчунин касон дар ғояти қиллат бошанд ва дар ниҳоити дурӣ аз дигар мардумон. Ва бад-ин сабаб эшонро ғурабо хондааст. Ва дар хабари дигар омадааст: «Ҳуму-л-мутамассикуна бимо антум алайҳи-л-явм». Ай, ҷамоате, ки тамассуки эшон бад-он бошад, ки имрӯз бар онед. Ва дар ҳадиси дигар омадааст: «ал-Ғурабоу носун қалилун солиҳуна байна носин касирин, ман юбгизуҳум [фи-л-халқи] аксару [мимман] юҳиббуҳум». Ай, андак ва порсо бошанд миёни бисёрон, ки душмани эшон беш аз дӯст бувад. Ва ин илмҳо, ки таҳрир афтод имрӯз ғариб шудааст, то ба ҳадде, ки зокири онро душман медоранд. Ва аз барои он Саврӣ гуфт: «Чун олимеро бисёр дӯст бинӣ бидон, ки муҳаллит аст, чӣ агар ҳақ бигӯяд вайро душман гиранд».

пешина
аз 567
навбатӣ