Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
БАЁНИ МИҚДОРЕ, КИ СУТУДА АСТ
АЗ ИЛМҲОИ СУТУДА
Бидон, ки илм бад-ин эътибор се қисм аст: қисме андак ва бисёри он накӯҳида аст; ва қисме андак ва бисёри он сутуда ва ҳар чӣ бештар бувад, некутару фозилтар; ва қисме қадри кифоят аз он сутудааст ва зиёдат аз он ва истиқсо дар он накӯҳида. Ва ӯ чун ҳолҳои тан аст, ки баъзе аз он андак ва бисёри он сутуда аст, чун сиҳҳату ҷамол; ва баъзе андак ва бисёри он накӯҳида, чун зиштӣ ва бадхӯй; ва баъзе миёнаравӣ дар он сутуда аст, чун базли мол, чи исроф накӯҳида аст, агарчи базл аст; ва чун шуҷоат, чи таҳаввур носутуда аст, агарчи аз ҷинси шуҷоат аст. Пас илм ҳамчунон аст.
Қисме, ки андаку бисёри он накӯҳидааст, ки дар ӯ фоидаи диниву дунявӣ нест ё зиёни ӯ беш суд аст, чун илми ҷодуй ва тилисму нуҷум, ки баъзе аз он бефоида аст ва сарфи умр - ки нафистарин бизотест - дар он изоат аст ва изоати нафоиси накӯҳида аст; ва баъзе зиёни [он] беш аз он чиз аст, [ки] пиндорӣ бад-ӯ ҳосил шавад аз раво шудани ҳоҷате дар дунё, чи он ба изофати зиёне, ки аз он ҳосил шавад, аз ҳисоб натавон [67] гирифт.
Ва аммо қисме, ки ғояти муболагат ва ниҳояти истиқсо дар он сутуда аст, маърифати Ҳақ таъоло аст ва сифоту афъоли Ӯ ва суннати Ӯ дар халқ ва ҳикмати Ӯ дар тартиби охират бар дунё, чи он илмест, ки матлуб аст барои зоти Ӯ ва барои он ки саодати охират бад-ӯ тавон ёфт. Ва базли мақдур то ғояти вусъ ва ғояти тоқат дар он кусур аст аз ҳадди воҷиб, ки он дарёест, ки гаври он дарнатавон ёфт. Ва гардидани гардандагон нест, ҷуз дар савоҳил ва атрофи он ба қадри он чи эшонро муяссар кардаанд. Ва дар атрофии он хавз накардаанд, ҷуз анбиёю авлиё ва росихони илм - бар ихтилофи дараҷоти эшон - ба ҳасби ихтилофи қувват

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо