Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ВА АММО ИЛМҲОЕ, КИ СУТУДА НЕСТ
АЗ ОН ҶУЗ КАДРЕ МАХСУС

Он илмҳост, ки дар фарзҳои кифоят овардаем. Чӣ дар ҳар илме аз он иқтисорест, ки он ақалл аст ва иқтисодест, ки он васат аст ва истиқсоест варои иқтисор, ки онро то охири умр муаддӣ нест. Ва аз ду чиз яке ихтиёр кун: иммо ба нафси худ машғул шав ва иммо ба дигаре пардоз, пас аз он чӣ аз худ фориғ шавӣ ва бипарҳез аз машғулии ислоҳи дигаре пеш аз ислоҳи худ.

Пас, агар ба нафси худ машғул хоҳӣ буд, машғул машав магар ба фарзи айни худ бар ҳасби он чӣ ҳоли ту иқтизо кунад ва он чӣ аз он ба аъмоли зоҳир тааллуқ дорад, чун омӯхтани намозу обдаст ва рӯза. Ва муҳимтар коре, ки ҳамгинон онро бигзоштаанд, донистани сифоти дил аст— он чӣ аз он сутуда аст ва он чӣ накӯҳида — чӣ одамӣ холӣ набошад аз сифоти накӯҳида, аз ҳирсу ҳасад ва риёву кибр ва учбу аҳавоти он. Ва кулли он ҳалолкунанда аст. Ва иҳмоли он бо машғулӣ ба аъмоли зоҳир онро монад, ки дар ҳоли гар¹ ва думмал² ба тилои зоҳири тан машғул шавад ва берун овардани мояро ба фасду³ исҳол⁴ хор дорад. Ва ҳашвиёни⁵ уламо ба аъмоли зоҳир ишорат кунанд, чунон ки роҳнишинони утабо ба тилои зоҳири тан. Ва уламои охират ишорат накунанд ҷуз ба татҳири ботин ва қатъи мояҳои шарр бадон чӣ аслан онро табоҳ кунад, беҳҳои онро баркананд ва он дар дил аст. Ва бештаре, ки ба аъмоли зоҳир паноҳидаанд ва татҳири дилҳо бигзоштанд, сабаби он осонии аъмоли ҷавореҳ аст ва душвории аъмоли дилҳо, [68] чунон ки ба тилои зоҳир паноҳад касе, ки тановули доруҳои талхро душвор шумурад. Пас ҳамеша дар тило ранҷ мебинад ва дар мояҳо меафзояд ва беморӣ бад-он мутазоиф мешавад.

1 Гар - яке аз бемориҳои ҷилдӣ, ки боиси сӯзиш ва хориши пӯсти бадан мегардад. (Фарҳанги Амид).
2 Думмал - захм ва варами маҳрутишакл, ки дар пӯсти бадан пайдо шавад ва аз он чирку хуноба берун ояд. (Фарҳанги Амид).
3 Фасд - хун гирифтан аз раг. (Фарҳанги Амид).
4 Исҳол - берун овардани моя бо давоҳои муносиб. (Зубайди).
5 Ҳашвиён - ҳашвия, касоне, ки ба зоҳири умур менигаранд ва аз асрори ботин беинтилоанд. (Забидӣ).

пешина
аз 567
навбатӣ