Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Пас, агар хоҳандаи охиратӣ ва ҷӯяндаи растагорӣ ва гурезанда аз ҳалоки абад, ба илми иллатҳои ботин ва илоҷи он — чунон ки дар «Рубъи муҳликот» гуфтаем — машғул шав, ки он туро бо мақомоти сутуда, ки дар «Рубъи мунҷиёт» мазкур аст, ломуҳола бирасонад, ки дил чун аз накӯҳида тиҳӣ шавад, ба сутуда пур гардад ва заминро чун аз хас пок кунӣ, аснофи киштаҳо ва сапаргамҳо1 дар вай бирӯяд. Ва агар аз он фориғ набошӣ, ба фарзҳои кифоят машғул машав, хосса чун тоифае бад-он қоим бошанд, ки муҳлики худ дар талаби салоҳи ғайрӣ сафиҳ бувад ва дар ғояти ҳамоқат бошад касе, ки мору каждум дар ҷомаи вай бувад ва қосиди куштани вай ва ӯ магасроне талабад, то магас аз ғайре — ки вайро нараҳонад аз мору каждум, ки кушандаи вай аст — биронад.

Ва агар аз нафси худ ва татҳири он фориғ шавӣ ва тарки базаҳи зоҳиру ботин битавонӣ ва он туро хӯй ва одат шавад — ва ин матлуб дар ғояти дурӣ аст — ба фарзҳои кифоят машғул шав батадриҷ. Ва ибтидо ба Китоби Худой кун, пас ба суннати Пайғамбар, пас ба тафсир ва дигар илмҳои Қуръон аз носиху2 мансух3 ва мафсулу4 мавсул5 ва муҳкаму¹ муташобеҳ² ва ҳамчунин дар суннат. Пас ба фурӯъ ва он илми мазҳаб аст аз илми фиқҳ, на илми хилоф, пас ба усули фиқҳ ва ҳамчунин ба боқии илмҳо бар он ҷумла, ки дар илм маҷол бошад ва вақт мусоадат кунад.

1 Сапаргамҳо — гулу сабза, гулу гиёҳи муаттар, райҳон.
2 Носих — ояе, ки ҳукми ояеро, ки қабл аз он нозил шудааст, зоил кунад.
3 Мансух — ояе, ки ба василаи нузули ояи дигаре ҳукми он зоил шуда бошад.
4 Мафсул — ҳадисе, ки силсилаи ровиёни он пайваста набошад.
5 Мавсул — ҳадиси муттасил, ҳадисе, ки силсилаи ровиёни он пайваста бошад.

¹ Муҳкам – сура ё ояе, ки мӯҳтоҷ ба таъвил набошад.
² Муташобеҳ – ояе, ки маъно ва ҳақиқати он мӯҳтоҷ ба таъвил бошад, хилофи муҳкам.

пешина
аз 567
навбатӣ