Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва дар як фанн аз он умри худ мустағриқ макун барои талаби истиқсо, ки илм бисёр аст ва умр кӯтоҳ. Ва ин илмҳо олоти муқаддамот аст ва дар зоти худ матлуб нест, бал барои чизи дигар матлуб аст. Ва ҳар чӣ барои чизи дигар талабӣ, бояд ки ба сабаби истиксори он матлуб фарӯмӯш накунӣ. Пас аз шоъеъ илми луғат, бар он иқтисор кун, ки сухани араб фаҳм [кунӣ] ва аз ғариби он бар ғариби Қуръону ҳадис ва тааммуқ дар он бигзор. Ва аз наҳв бар он чӣ бар Китобу суннат мутааллиқ аст, ки ҳеҷ илме нест, ки на дар вай иқтисорест ва иқтисоде ва истиқсое. Ва мо дар ҳадису тафсир ва фиқҳу калом бад-он ишорат кунем, то ҷуз онро бар он қиёс кунӣ.
Пас, иқтисор дар тафсир зиффи³ Қуръон аст, чунон ки «Вачиз»-и Воҳидӣ⁴ аст. Ва иқтисол се чандон, чунон ки «Васит»-и вай аст. Ва он чӣ варои он аст, истиқсоест, ки бад-он ҳоҷат нест ва то охири умр онро марадде не.
Ва аммо ҳадис иқтисор дар ӯ таҳсили «саҳҳайн»⁵ аст, ба тасҳеҳи нусхае аз он бари марде некдон, ки матни ҳадис бидонад. Ва аммо ҳифзи номҳои мардон аз ту кифоят шудааст, бад-он чӣ мутақаддимон [69] таҳаммул кардаанд. Ва туро равост, ки бар кутуби эшон эътимод кунӣ; ва ҳифзи мутуни «саҳҳайн» лозим нест, бал он қадар таҳсиле лозим аст, ки ба вақти ҳоҷат, талаби он чӣ бад-ӯ мӯҳтоҷ бошӣ, битавонӣ. Ва аммо иқтисод он аст, ки дигар муснадҳои саҳеҳ бо он зам кунӣ. Ва аммо истиқсо, он чӣ дар он аст аз таҳсили кулли он чӣ манқул аст, аз заифу қавӣ ва саҳеҳу сақим, бо маърифати тариқҳои бисёр дар он ва маърифати аҳволи мардумон ва номҳо ва сифатҳои эшон.
³ Зифф – дучандон.
⁴ Мақсуд китоби «Вачиз» аз Абӯлҳасан Алӣ ибни Аҳмад ибни Муҳаммади Воҳидии Нишопурии (аслаш аз Сова) Шофеӣ, муфассир ва наҳвӣ, мутавафои 468 ҳиҷрӣ (Забидӣ).
⁵ Саҳҳайн – Манзур «Саҳеҳи Бухорӣ» ва «Саҳеҳи Муслим» аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо