Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва аммо фиқҳ иқтисор дар ӯ он аст, ки дар «Мухтасар»-и Музанӣ¹ аст ва мо дар «Хулоса»² онро мураттаб кардаем. Ва иқтисор се чандон аст ва он миқдорест, ки дар «Васит» овардаем. Ва истиқсо он аст, ки дар «Басит» овардаем ва он чӣ варои он аст аз татвилот.
Ва аммо калом мақсуди он нигоҳдошти мӯътақидотест, ки аҳли суннат онро аз салафи [солеҳ] нақл кардаанду бас ва он чӣ варои он аст, талаби кашфи ҳақоиқ аст, на ба тариқ³. Ва иқтисор дар мақсуди ҳифзи суннат ба мӯътақади мухтасар ҳосил аст ва он миқдорест, ки дар китоби «Қавоиду-л-ақоид» аз ҷумлаи ин кутуб⁴ овардаем. Ва иқтисор миқдори сад варақ аст ва онро дар китоби «ал-Иқтисод фи-л-эътиқод» эрод кардаем ва он барои мунозараи мубтадӣ бояд ва муоразаи бидъати ӯ, бад-он чӣ онро ботил кунад ва аз дили оммӣ берун барад. Ва он суд надорад магар бо оммиён пеш аз он чӣ таАССУБИ эшон қавӣ шавад.
Ва аммо мубтадеъ, пас аз он чӣ аз ҷадал чизе биёмӯхт ва агарчӣ андак омӯхтааст, кам бошад, ки калом бо вай манфаат кунад, чӣ агар вайро муфҳам⁵ кунӣ, мазҳаби худ нагзорад ва тақдир кунад, ки онро ҷавобе ҳаст, ки ӯ аз он оҷиз аст ва ту ба қуввати муҷодала бар вай талбис мекунӣ.
¹ Абуиброҳим Исмоил ибни Яҳё ибни Амри Музании Шофей (175-264 ҳиҷрӣ). (Забидӣ).
² Хулосату-л-мухтасар юсаммо Хулосату-л-васоил ило илми-л-масоил. (Забидӣ).
³ Дар Шарҳи Забидӣ: (мин ғайри тариқих) ман ирода нақла-л-барохин ва-л-ҳуҷаҷ ва ҷалба-л-калом мин кулли ҷиҳатин.
⁴ Дар матни арабӣ: мин ҳоза-л-китоб.
⁵ Муфҳам – дармонда аз ҷавоб.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо