Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Аммо оммӣ, чун вайро ба навъи ҷадале аз ҳақ бигардонида бошанд, мумкин аст, ки ба мисли он ҷадал вайро ба ҳақ боз оранд, пеш аз он чи таассуби ҳавоҳо қавӣ шавад. Чӣ агар таассуб қавӣ гашт, аз он ноумед бояд шуд, чӣ таассуб сабаби устувор шудани эътиқодҳост дар дилҳо ва ин низ аз офатҳои уламои бад аст, чӣ эшон дар таассуб барои ҳақ муболағат мекунанд ва дар мухолифон ба чашми истеҳқор менигаранд ва давоии мукофот ва муқобала аз эшон барангехта мешавад ва бавоиси эшон бар талаби нусрати ботил бисёр мегардад ва ғарази эшон дар тамасрук ба он чи нисбат бад-эшон медорад, қувват мепазирад. Ва агар уламо бо эшон лутфу раҳмат ва насиҳат дар хилват сухан гуфтанди - на дар маърази хашму таҳқир - ҳароина мақсуд баромади, валекин чун ҷоҳ қоим намешавад магар ба табаъ ва майли табаъ намебошад ҷуз ба таассуб ва лаънату дашноми хасмон, таассубро одат карданд ва олати худ сохтанд ва онро нусрати дин ва дафъ аз мусулмонон ном ниҳоданд1. [70]

Ва аммо хилофиёт, ки дар ин асрҳои мутааххир пайдо овардаанд ва дар он таҳрироту таснифот ва муҷодалот, ки мисли он дар салаф набуд, ибдоъ карда, бипарҳез, ки гирди он гардӣ! Ва аз ӯ дур шав, чунон ки аз заҳри кушанда дур шавӣ, ки ӯ дарди сахт аст. Ва ӯст, ки ҳамаи фуқаҳоро дар талаби мунофасаву мубоҳот овардааст, чунон ки тафсили ғавоил ва офоти [он] бихоҳад омад. Ва раво, ки2 ин сухан аз гӯяндаи он бишнаванд ва гӯянд: «ан-Носу аъдоу мо ҷахилу». Зинҳор! То ин гумон набарӣ, ки касеро ёфтаӣ, ки аз бавотини он огоҳ аст. Ва насиҳат қабул кун аз касе, ки муддати мадид аз умри худ дар он зоеъ кард ва зиёдат аз мутақаддимон дар он таснифу таҳқиқ ва ҷадалу баён ба ҷой овард.

1 Дар Шарҳи Забидӣ: (ва самуҳу забан ани-д-дин), ай дафъан анҳу (ва низолан), ай мунозала ва мудофаъа (ани-л-муслимин).
2 Ва бошад, ки.

пешина
аз 567
навбатӣ