Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Пас, Ҳаққ таъоло сулуки роҳи рост дар дили вай афканд ва ӯро бар айби ин фанн мутталеъ гардонид, то онро маҳҷур кард ва ба нафси худ машғул шуд. Ва фирефта машав бад-он чи гӯянд, ки фатво имоди шаръ аст ва иллатҳои он ҷуз ба илми хилоф натавон донист, чи иллатҳои мазҳаб дар мазҳаб мазкур аст. Ва он чи зиёдат аз он аст, муҷодалот аст, ки мутақаддимон ва саҳоба – разия-л-Лоҳу анҳум аҷмаин – онро нашнохтаанд, бо он ки дар [илмҳои] фатовӣ аз дигарон олимтар будаанд. Бал муҷодалот бо он чи дар мазҳаб муфид нест, зиёнкору табоҳкунандаи завқи фиқҳ аст, ки он чи ҳадси муфтӣ шоҳиди он бошад, чун вайро дар фиқҳ завқи саҳеҳ бувад. Дар ағлаби амр тамшияти он бар шарти ҷадал имкон надорад. Ва он ки табъи ӯ бо расмҳои ҷадал илф гирифт, муқтазаёти ҷадал мусаллам дорад ва завқи фиқҳро таслим натавонад кард. Ва бад-он машғул нашавад ҷуз касе, ки толиби ситу2 ҷоҳ бошад, ба баҳонаи он чи илали мазҳаб металабад. Пас, эмин бош аз девон ва эҳтироз аз девмардумон кун, ки эшон девонро аз ранҷи излол бираҳонидаанд. Ва дар ҷумла писандидаи оқилон он аст, ки худро дар олам танҳо бо Ҳаққ таъоло шумори ва маргу аразӯ ҳисоб ва биҳишту дӯзах дар пеши назар орӣ ва дар он муҳим, ки дар пеш аст, тааммул кунӣ ва ҷуз он бигзорӣ. Ва-с-салом.
Ва яке аз машоих олимеро дар хоб дид, вайро гуфт: «Хабари он илмҳо, ки дар он муҷодала ва мунозара кардай, чист?» Ӯ даст боз кард ва дар он бидамиду гуфт: «Ҳама ҳабоан мансуро3 [шуд] ва суде надодам, магар аз ду ракъати холис, ки дар дили шаб гузордам». Ва Пайғамбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Мо залла қавмун баъда ҳудан кону алайҳи илло уту-л-ҷадала». Гумроҳ нашуданд қавме пас аз
1 Ин ҷо мақсуд худи Ғаззолӣ аст.
2 Сит – овоза ва номи нек, зикри хайр, шӯҳрати некӣ.
3 «Ботилу нобуд шуд», дар Қуръон сураи «Фурқон», ояи 23 чунин матлаб дар мавриди гунаҳкорон зикр шудааст!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо