Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

он чи ба роҳи рост буданд магар онон, ки дар ҷадал афтоданд. Пас ин оят бихонд: «Мо зарабуҳу лака илло ҷадалан, бал ҳум қавмун хасимун»¹. Ин масал наёварданд [17] туро магар аз рӯи ҷадал, бал эшон гурӯҳе махсусанд ба хусумат. Ва Пайғомбар дар тафсири «ва амма-л-лазина фи қулубиҳим зайғун»² гуфт: «Ҳум аҳлу-л-ҷадали-л-лазина аноҳуму-[л-Лоҳу] биқавлиҳ: ваҳзарҳум». Эшон аҳли ҷадаланд, ки Ҳаққ таъоло ба калимаи «ваҳзарҳум» эшонро хостааст.

Ва яке аз салаф гуфт: «Дар охири замон қавме бошанд, ки дари амал бар эшон баста шавад ва дари ҷадал кушода. Ва дар ҳадис аст: «Иннакум фи замонин улҳимтум фиҳи-л-амала ва саяътӣ қавмун ялҳамуна-л-ҷадала». Шумо дар замоне [омадед], ки дар он шуморо амал илқом додаанд ва ба зудӣ қавме хоҳанд омад, ки эшонро ҷадал илқом хоҳанд дод. Ва дар хабаре машҳур аст: «Абгазу-л-халқа ила-л-Лоҳи ал-аладду-л-хасиму». Бағизтарин халқе бари Ҳаққ таъоло сахт хусумати махсус ба муҳосамат [аст]. Ва дар хабар аст: «Мо утия қавму-л-мантиқа илло мунића-л-амала»³. Сухангӯй қавмеро дода нашуд, ки на аз амал боздошта шуданд.

Алӣ Насири Ҳазрамӣ аз падари худ ривоят кард, ки ӯ гуфт: «Халил Аҳмадро⁴ пас аз вафот ба хоб дидам, андешидам, ки ҳеҷ кас оқилтар аз Халил нест, аз вай суоле кунам. Рӯй ба ман оварду гуфт: «Он чи мо дар он хавз мекардем, дидӣ, ҳеҷ чизе судмандтар аз калимоти субҳона-л-Лоҳ ва-л-ҳамду ли-л-Лоҳ ва ло илоҳа илла-л-Лоҳ ва-л-Лоҳу акбар [набуд]?⁵ Ва-л-Лоҳу аълам.

¹ Зухруф, 43:58.
² Оли Имрон, 3:7.
³ Матни арабии чопҳои мавҷуд дар ин ҷо тамоми мешавад.
⁴ Халил ибни Аҳмади Фароҳидӣ (100-170 ҳиҷрӣ) устод дар наҳв, луғат ва аруз.
⁵ Ин банд дар матни арабӣ ва Шарҳи Забидӣ наёмадааст.

пешина
аз 567
навбатӣ