Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
боби чаҳорум
ДАР САБАБИ ИҚБОЛИ ХАЛҚ БАР ИЛМИ ХИЛОФ ВА ТАФСИЛИ ОФОТИ МУНОЗАРА ВА ЧАДАЛ ВА ШУРУТ ВА ИБОҲАТИ ОН
Бидон, ки пас аз Пайғомбар — алайҳи-с-салом — хилофат ба хулафои рошидин расид ва эшон аимма ва уламо буданд дар маърифати Ҳаққ таъоло ва фуқаҳо дар аҳкоми Ӯ ва мустақил ба фатвову қазо. Ва аз фуқаҳо ёрӣ нахостандӣ, магар нодир ва дар воқеаҳое, ки дар он аз мушоварат чора набудӣ. Пас уламо ба илми охират пардохтанд ва онро мутаҷаррид шуданд ва фатовӣ ва он чи тааллуқ ба аҳкоми халқ дорад аз дунё, аз худ дафъ карданд ва ба ғояти муҷоҳада рӯй ба Худой — азза ва ҷалла — оварданд, чунон ки аз сиратҳои эшон нақл шудааст. Ва пас аз эшон чун хилофат ба ҷамоате расид, ки онро беистеҳқоқ ва истиқлоли ба фатовӣ ва аҳком тақаллуд намуданд, музтарр шуданд ба ёрӣ хостан [аз фуқаҳо] ва мусоҳабати эшон дар ҳама аҳвол, то дар маҷории аҳком аз эшон фатво хоҳанд. Ва аз уламои тобеин бақияте буданд, ки бар тирози аввал мустамир буданд ва дини холисро мулозим ва ба симати илмҳои салаф мувозиб ва чун эшонро металабиданд, мегурехтанд ва рӯй мегардониданд. Хулафо музтарр шуданд ба илҳоҳ дар талаби эшон то қазо ва ҳукумат бад-эшон медиҳанд. Пас, [72] аҳли он рӯзгор иззи уламо ва иқболи хулафо ва волиён бар эшон — бо эърози эшон — бидиданд, сар барафроштанд ва рӯй ба талаби илм оварданд, то ба василати он найли иззу идроки ҷоҳ аз волиён муяссар шавад. Пас, бар илми фатовӣ иқбол намуданд ва худро бар волиён арза доштанд ва шинохти эшон талабиданд ва аз эшон вилоятҳо ва силатҳо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо