Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
хостанд. Пас, баъзе маҳрум шуданд ва баъзе ба мақсуд расиданд. Ва он ки ба мақсуд расид, аз хории талаб ва ҳақирии мубтазал шудан холӣ намонд. Ва фуқаҳо пас аз он чи матлуб буданд [толиб] шуданд ва пас аз он ки азиз буданд ба эъроз аз салотин хор гаштанд [ба] иқбол бар эшон магар он ки Ҳаққ таъоло вайро тавфиқ дод дар ҳар асре аз уламои дини худ.
Ва дар он рӯзгор бештар иқбол бар фатовӣ ва ҳукумот буд. Пас баъзе аз судур ва амирон қавлҳои мардумон дар қоидаҳои ақидатҳо бишниданд ва ба шунидани ҳуҷҷатҳои он моил шуданд. Ва [чун] рағбати эшон дар мунозара ва муҷодалаи калом мардумонро маълум шуд, [гурӯҳе] рӯй ба илми калом оварданд ва дар он бисёр таснифҳо карданд ва тариқи муҷодалот мураттаб гардониданд ва фунуни муноқазот берун оварданд ва гуфтанд, ки ғарази мо нусрати дини Худой ва дафъ аз суннат¹ ва қамъи мубтадион аст. Чунон ки тоифае пеш аз эшон гуфтанд, ки мақсуди мо истиқлол аст дар фатовии дин [ва] тақаллуди аҳкоми мусулмонон барои шафқат бар халқи Худой ва насиҳати эшон. Ва пас аз он касе пайдо омад аз судур, ки хавз дар калом ва фатҳи боби мунозара дар он маслаҳат надод, бад-он чи аз кушодани он дар таассуботи фоҳиш ва хусуматҳои мӯзӣ – ба рехтани хунҳо ва хароб кардани шаҳрҳо – зода буд ва нафси ӯ моил шуд ба мунозара дар фиқҳ ва баёни он ки мазҳаби Шофей авло ё мазҳаби Бӯҳанифа. Пас мардумон калому фунуни илмҳо бигзоштанд ва ҷумла рӯй ба масоили хилоф, ки миёни Шофей ва Бӯҳанифа аст – разия-л-Лоҳу анҳумо – алалхусус, оварданд. Ва дар хилофи Молик ва Суфён ва Аҳмад ва ғайри эшон мусоҳалат намуданд ва гуфтанд, ки матлуби эшон истинботи дақоиқи шаръ ва
¹ Дар Шарҳи Забидӣ: (Ва заъаму анна гаразано) мин ҳозо (аз-забб) ай, ад-дафъ (ан дини-л-Лоҳи ва-н-низол) ай ал-мудофаъа (ани-с-суннати) аш-шарифати.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо