Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

тақрири илали мазҳаб ва тамҳиди усули фатовӣ аст. Ва анвои муҷодалат ва таснифот дар он мураттаб карданд ва то ин ғоят ҳам бар он мустамирранд. Ва намедонем, ки Ҳаққ таъоло чӣ тақдир кардааст дар рӯзгоре, ки пас аз мо хоҳад буд! Ин аст, ки боис буд бар рӯй овардани мардумон ба хилофиёт ва мунозара фаҳасб.

Ва агар нуфуси арбоби дунё ба хилофи имоме дигар аз аимма моил шавад ва илме дигар аз илмҳо, ҳароина мардумон бо эшон моил шаванд ва хомӯш ‌набошанд аз тааллул1 он ки машғулии мо бад-ин илм барои он аст, ки илми дин аст ва моро матлубе ҷуз тақарруби Ҳаққ таъоло нест.

1 Тааллул — баҳона кардан, иллат ангехтан.

пешина
аз 567
навбатӣ