Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
БАЁНИ ТАЛБИС ДАР ТАШБЕҲИ
ИН МУНОЗАРОТ БА МУШОВАРОТИ
САҲОБА ВА МУФОВАЗОТИ САЛАФ
[73] Бидон, ки истидрочи¹ эшон мардумонро бад-он аст, ки ғарази мо аз мунозара бозҷуст кардан аст аз ҳақ то рӯшан шавад, чӣ ҳақ матлуб аст ва ёрии якдигар дар назар ва таворуди хавотир муфид ва муассир. Ва одати саҳоба дар мушовароти эшон ҳамчунин буд, чунон ки мушоварат карданд дар масъалаи ҷадд ва бародарон ва ҳадди шурби хамр ва вуҷуби ғаромат бар имом — чун хато кунад. Чунон ки нақл шудааст, ки зане бача афғона кард² аз тарси Умар, чунон ки нақл шудааст дар масоили фароиз ва ғайри он. Ва он чӣ оварданд аз мунозараи Шофеъӣ бо Муҳаммади Ҳасан³ ва мунозараи Молик [ва Абуҳанифа]⁴ ва Бӯюсуф⁵ ва ғайри эшон аз уламо. Ва туро воқиф кунад бар ин талбис он чӣ ёд хоҳам кард. Ва ӯ он аст, ки ёрии якдигар дар талаби ҳақ аз дин аст, валекин онро шартҳо ва аломатҳост.
Аввал он ки ба чизе, ки фарзи кифоят аст, машғул нашавад, то он ки аз фарзи айн напардохта бошад. Ва ҳар кӣ
бар вай фарзи айн бошад ва ӯ ба фарзи кифоят машғул шавад ва гӯяд, ки мақсуди вай ҳақ аст, дурӯғзан бувад. Ва мисоли ӯ касест, ки намоз бигзорад ва дар таҳсили ҷомаҳо ва
бофтани он бозаргонӣ кунад ва гӯяд: «Ғарази ман сатри
аврати касест, ки ҷома наёбад ва бараҳна намоз кунад». Чӣ
¹ Истидроч — ба тадриҷ наздик кардани касеро ба сӯи чизе, фиреб додан.
² Афғона кардан — бача андохтан, сиқт кардан.
³ Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонии ҳанафӣ аз шогирдони Имом Абуҳанифа, ки Хатиби Бағдодӣ ӯро имоми аҳли раъй хондааст. (131–189 ҳиҷрӣ).
⁴ Бар тибқи Шарҳи Забидӣ.
⁵ Абуюсуф Яъқуб.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо