Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

Вуқӯи он мумкин аст, чунон ки фақеҳ гӯяд, ки вуқӯи наводир, ки баҳси хилофе аз он аст мумкин аст. Ва машғулон ба мунозара корҳое, ки ба иттифоқ фарзи айн аст, бигзоштаанд. Ва он ки радди вадиате бар вай мутаваҷҷеҳ бошад дар ҳол ва ӯ эҳроми намоз гирад, ки фозилтарин қурбатҳост, осӣ бошад. Чӣ мардум ба муҷарради он чӣ феъли ӯ аз ҷинси тоат бувад, мутеъ набусад, то дар ӯ риояти вақт ва шарту тартиб накунад.

Дуввум он ки фарзи кифоят муҳимтар аз мунозара набинад, чӣ агар муҳимтар бинад, ӯ ба мунозара осӣ бошад. Ва мисоли ӯ касест, ки ҷамоате ташнагон бинад, ки бар шуруфи ҳалоканд ва мардумон эшонро муҳмал гузоштанд – ва ӯ қодир бар эҳёи эшон ба об додан – эшонро бигзорад ва ба омӯхтани ҳиҷомат машғул шавад ва гӯяд, ки фарзи кифоят аст ва агар шаҳр аз он холӣ бошад, мардумон ҳалок шаванд. Ва чун гӯянд, ки дар шаҳр ҳаҷҷомон ҳастанд ва эшон басандаанд, [гӯяд]: «Бад-ин сабаб ҳиҷомат аз фарзҳои кифоят берун наравад». Пас ҳоли касе, ки ин кунад ва ба эҳёи ташнагони мусумонон машғул нашавад, чун ҳоли касе бошад, ки машғули мунозара шавад ва дар шаҳр фарзҳои кифоят муҳмал бошад ва ҳеҷ кас бад-он қиём нанамуда.

Ва аммо фатво ҷамоате бад-он қиём намудаанд ва ҳеҷ шаҳре аз фарзҳои кифояти муҳмал холӣ небошад ва фуқаҳо бад-он илтифот нанамоянд. Ва ақраби он тибб аст, ки дар бештари шаҳрҳо табиби мусулмон, ки бар гувоҳии ӯ эътимод раво бошад – дар чизе, ки муаvвали он дар шаръ қавли табиб аст – мавҷуд [74] нест. Ва ҳамчунин ба амри маъруф ва наҳии мункар, ки аз фарзҳои кифоят аст ва басе бошад, ки мунозир ҳарири пӯшида ва густарда бинад ва аз

1 Мардум - одамӣ.
2 Ба мунозара - бо мунозара кардан.
3 Муаввал - такягоҳ.

пешина
аз 567
навбатӣ