Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

манъи он хомӯш бошад ва мунозара мекунад дар масъалае, ки воқеъ нашавад ва агар шавад, ҷамоате аз фуқаҳо бад-он қиём намоянд, пас гӯяд, ки муроди ман аз мунозара тақарруб аст ба Ҳаққ таъоло ба иқомати фарзи кифоят.

Ва Анас ривоят кардааст, ки Пайғомбарро – алайҳи-с-салом – гуфтанд: «Мато ятруку-л-амру бил-маъруфи ва-н-наҳю ани-л-мункар? Фақола: изо заҳара-л-иддиҳон фи хиёрикум ва-л-фоҳишату фи ширикум ва таҳаvвала-л-мулку фи сигорикум ва-л-фиқҳу фи арзоликум». Ай, амри маъруф ва наҳии мункар кай гузошта шавад? Фармуд, ки чун дар некони шумо мудоҳанат1 ва дар бадон фоҳиша зоҳир шавад ва подшоҳӣ ба сигор таҳвил шавад ва фиқҳ ба нокасон.

Севвум он ки мунозир муҷтаҳид бошад, ки ба раъйи худ фатво диҳад, на ба мазҳаби Шофеъӣ ва Бӯҳанифа, то агар вайро зоҳир шавад, ки ҳақ дар мазҳаби Бӯҳанифа аст, мувофақати Шофеъӣ бигзорад ва бад-он чӣ вайро зоҳир шуд, фатво диҳад, чунон ки саҳоба ва аимма кардандӣ.

Ва аммо касе, ки вайро мартабаи иҷтиҳод набуҳад – ва ҳукми ҳамаи аҳли аср ин аст – ва аз чизе ки пурсанд, фатво надиҳад магар ба нақл аз соҳиби мазҳаби худ, пас агар заъфи мазҳаби ӯ вайро рӯшан шавад, тарки он вайро раво набошад. Пас, дар мунозара чӣ фоида чун мазҳаби ӯ маълум аст ва ба ҷуз он фатво натавонад дод? В-он чӣ бар вай мушкил шавад, лозим ояд, ки гӯяд: «Наздики соҳиби мазҳаби ман шояд, ки аз ин ишкол ҷавобест, ки ман дар асли шаръ мустақили иҷтиҳод наам». Ва агар мубоҳаса аз масъалаҳо кунад, ки соҳиби мазҳаби вайро дар он ду ваҷҳ ё ду қавл бошад, он наздиктар бувад. Чӣ раво, ки вайро ба яке аз он фатво бояд дод ва [аз] баҳс майли вай ба яке аз он [ду] ғолиб шавад ва мунозара дар ин масъалаҳо камтар меравад, бал басе бошанд, ки масъалаи дуваҷҳӣ ё дуқавлиро бигзоранд ва масъалае талабанд, ки хилоф дар он мақтӯъ бошад.

1 Мудоҳанат – мадоро, нармхӯӣ, тарки муҷодала (Забидӣ).

пешина
аз 567
навбатӣ