Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Чаҳорум он ки мунозара накунанд ҷуз дар масъалае, ки воқеа бошад ё наздик ба вуқӯъ дар ғолиб, чи саҳоба мушоварат накарданд ҷуз дар воқеае, ки мутаҷаддид шуд ё чизе, ки вуқӯи он ғолиб бошад, чун фароиз. Ва мунозиронро эҳтимоме набинӣ дар ихтиёри масъалаҳое, ки фатвои он балвои омм бошад, бал масъалаҳои таблӣ1 талабанд, ки ҷадалро дар он маҷоле восеъ бувад — хоҳ камвукӯъ бош ва хоҳ бисёрукуъ. Ва басе бошад, ки масъалаи бисёрукуъро бигзоранд ва гӯянд: «Ин масъалаи хабарӣ аст ё аз «завоё» аст ва масъалаи таблӣ нест». Ва аз аҷоиб бувад, ки матлуб ҳақ бошад. Пас масъала гузошта шавад ба сабаби он чи [75] хабарӣ [аст], чи мадраки ҳаққ ахбор аст. Ё ба сабаби он ки таблӣ нест ва сухан дар он дароз нашавад. Ва мақсуд дар ҳақ он бошад, ки сухан кӯтоҳ шавад ва зуд ба ҳақ расад, на он ки дароз шавад.
Панҷум он ки мунозара дар хилват дӯсттар дорад ва муҳимтар донад аз он ки дар маҳфил ва дар пеши подшоҳон ва акобир, чи хилват ҳимматро ҷомеътар бошад ва ба сафои фикрат ва дарёфти ҳақ сазовортар. Ва ҳузури ҷамъ давоии риё ангезад ва ҳирс орад бар он ки ҳар касе худро нусрат кунад – хоҳ муҳиққ бош ва хоҳ мубтил – ва ту медонӣ, ки ҳирси мунозирон дар маҳофил ва маҷомеъ аст. Ва яке аз эшон муддате дароз бо ёри худ холӣ бошад ва муколамат накунад ва басе бувад, ки аз вай дархоҳанд, иҷобат накунад. Ва чун муқаддаме ҳозир шавад ва маҳфиле интизом пазирад, ҳеҷ дақиқа аз дақоиқ эҳтиёл боқӣ нагзорад дар талаби он ки гӯянда ӯ бошад махсус.
Шашум он ки дар талаби ҳақ чун ҷӯяндаи гумшуда бошад, фарқ накунад, ки гумшуда бар дасти ӯ зоҳир шавад ё бар дасти он ки вайро ёрӣ мекунад ва рафиқи худро муин донад на хасм ва чун таърифи хато кунад ва ҳақ зоҳир гардонад, вайро шукр гӯяд.
1 Дар матни арабӣ «мина-т-тубулиёт» омада, ба маънои масоили ҷанҷолӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо