Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Чунон ки агар талаби гумшудае солики роҳ шудӣ ва ёри ӯро танбеҳ кардӣ, ки гумшуда ба мавзеи дигар аст, ӯ вайро шукр гуфтӣ ва накӯҷидӣ ва бад-он шод шудӣ ва онро қароҳият надоштӣ. Ва мушоварати саҳоба ҳамчунин буд то ба ҳадде, ки зане бари Умар – разия-л-Лоҳу анҳу – сухани вай рад кард ва ӯро бар ҳақ огоҳонид – дар он ҳол, ки бар малаи мардумон хутба мегуфт – ва ӯ фармуд: «Асобат имраатун ва ахтаа раҷулун»¹. Ва марде аз Алӣ – каррама-л-Лоҳу ваҷҳаҳу – масъалае пурсид, ӯ ҷавоб фармуд. Ин мард² гуфт: «Ё амиралмӯъминин, чунин нест, валекин чунину чунин аст». Гуфт: «Асапта ва ах- таъту»³, «ва фавқа кулли зӣ илмин алимун»⁴.

Ва Абдуллоҳи Масъуд истидрок кард⁵ бар Бӯмӯсо Ашъарӣ ва [Бӯмӯсо] гуфт: «Чун ин бузург миёни шумо бошад аз ман мапурсед». Ва ин дар он ҳол буд, ки Бӯмӯсо амири Куфа буд ва яке аз вай пурсид аз ҳоли марде, ки дар роҳи Худой корзор кард ва кушта шуд. Ӯ гуфт: «Ҳува фи-л-ҷаннати», Абдуллоҳи Масъуд гуфт: «Ано акулу ин кути-ла фаасоба-л-ҳаққа фахува фи-л-ҷаннати». Яъне агар ӯ дар корзор толиби ҳақ буд, дар биҳишт бошад. Ва Бӯмӯсо гуфт: «Он чи пеш аз ин тақрир афтодааст».

Мусанниф гуфт: «Инсофи толиби ҳақ ҳамчунин бошад. Ва агар мисли ин имрӯз камтарин фақеҳеро бигӯӣ ин- кор кунад ва истибъод намояд ва гӯяд: «Гуфтани «асоба-л-ҳақ» чӣ ҳоҷат аст, ки он ҳамаро маълум аст?». Пас дар мунозирони аср бингар, ки чун ҳаққ бар забони хасми эшон зоҳир шавад, чӣ гуна рӯяшон сиёҳ [76] гардад ва ҳиҷил шаванд ва бад-он чи дар вусъи эшон бошад, дар инкори он кӯшанд ва ҳама умр дар мазаммати муфҳамкунанда гузаронанд ва шарм надоранд, ки дар ёрӣ додан бар назар худро ба саҳоба монанд кунанд».

¹ Зане дуруст гуфт ва марде хато кард.
² Яъне марди дигар...
³ Ҳақ бо туст ва ман хато кардам.
⁴ Юсуф, 12:76, «даст болои даст бисёр аст».
⁵ Истидрок - тармим кардан; тармим ва такмили сухани ӯ кард.
⁶ Ман мегӯям, агар кушта шуд...

пешина
аз 567
навбатӣ