Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ҳафтум он ки манъ накунад ёрии худро дар назар, аз интиқол ба далеле аз далеле ва ба ишколе аз ишколе – чунон ки мунозарати салаф буд – ва ҳама дақиқаҳо, ки дар ҷадали мубтадион аст, аз сухани худ берун барад ва нагӯяд, ки зикри ин бар ман лозим наёяд ва ин сухан аз ту мақбул нест, чӣ муноқизи аввал сухани ту аст, аз барои он ки руҷӯъ ба ҳаққ ҳамеша муноқизи ботил бошад ва қабули он воҷиб бувад. Ва ту мебинӣ, ки ҳамаи маҷлисҳо дар мудофоат ва муҷодалот сипарӣ мешавад, то ба ҳадде, ки мустадилл бар асле қиёс мекунад ба васфе, ки дар занни ӯ иллат ҳукм аст ва ӯро мегӯянд: «Чӣ далел, ки ҳукм дар асл бад-ин иллат муаллал аст?». Ва ӯ мегӯяд: «Маро ин зоҳир шудааст ва агар туро чизи дигар зоҳир шудааст, ки аз ин возеҳтар аст, бигӯ, то дар он назар кунам».
Ва мӯътариз мегӯяд: «Дар ӯ маъниҳост ҷуз ин ки гуфтӣ ва ман онро бишнохтаам, валекин нагӯям ва зикри он бар ман лозим нест». Ва мустадилл мегӯяд: «Он чӣ варои ин даъвӣ мекунӣ, ибрози он бар ту аст». Ва мӯътариз исрор мекунад [бар] он ки бар ман лозим нест. Ва маҷлис бад-ин ҷинс аз суол ва амсоли он гузаронида мешавад! Ва ин мискин намедонад, ки ин чӣ мегӯяд: «Ва ман онро мешиносам, аммо ёд накунам, чӣ зикри он бар ман лозим нест», дурӯғ аст, ки бар шаръ мегӯяд. Ва ҳол аз ду берун нест: ӯ маънии дигар намешиносад, валекин барои таъҷизи хасм даъвии шинохтан мекунад, пас ӯ фосиқи дурӯғзан бошад ва осӣ ва мутаарризи хашми Худой бад-он чӣ [вай] даъвӣ мекунад маърифати чизе, ки аз он холӣ аст. Ва ё маънии дигар мешиносад ва дар даъвии шинохтан содиқ аст, пас ӯ фосик бошад, бад-он чӣ пӯшида медорад, он чӣ аз кори шаръ бидонистааст ва бародари мусулмон аз вай мепурсад, то онро пай афтад ва дар он назар кунад: агар қавӣ намояд, бад-он руҷӯъ намояд ва агар заиф бошад заъфи онро рӯшан кунад ва ӯро аз торикии ҷаҳл берун орад. Ва ҳеҷ хилоф нест дар он ки изҳори чизе, ки аз илми дин дониста шавад, чун аз он бипурсанд, воҷиб ва лозим бошад [гуфтани ӯ онро]. Ва ин чӣ мегӯяд: «Бар ман лозим нест», яъне дар шаръ ҷадале, ки мо онро ибдоъ кардаем, ба ҳукми ташаҳҳӣ¹ ва рағбат дар тариқи эҳтиёл² ва мусораа³ дар сухан лозим нест ва илло дар шаръи Илоҳӣ лозим аст ва ӯ ба имтиноъ аз зикр иммо козиб аст ва иммо фосиқ.
Ва мушовароти саҳоба ва муфовазоти салафро бозҷӯй, ки дар он ҳеҷ чизе, ки ин ҷинсро монад, шунидаӣ? Ва касе гуфтааст, аз далеле ба далеле ва аз қиёсе ба асаре ва аз хабаре ба ояте интиқол макун? Бал, кулли мунозароти [77] эшон аз ин ҷинс буд, чӣ ҳар чӣ дар хотири эшон гаштӣ, ёд кардандӣ, ҳамчунон ки дар хотир будӣ ва дар он назар фармудандӣ.
Ҳаштум он ки мунозара бо касе кунад, ки аз ӯ фоида гирад аз мустақиллони илм ва ғолиб он аст, ки эшон аз мунозараи фухулу акобир эҳтироз кунанд аз бими он ки ҳақ бар забони эшон зоҳир шавад ва рағбат намоянд дар касоне, ки кам аз эшон бошанд, ба тамаи тарвиҷи ботил бар эшон.
Ва беруни ин дигар шартҳои дақиқ аст, валекин дар ин ҳашт шарт он қадар ҳаст, ки туро ҳидоят кунад, бад-он чӣ кадом мунозара барои ҳақ аст ва кадом барои ботил.
Ва дар ҷумла бидон, ки ҳар кӣ мунозараи шайтон — ки бар дили вай муставлист ва ӯро батарин душманест ва ҳамеша ӯро сӯи ҳалок ӯ мехонад — бигзорад ва ба мунозараи ғайри ӯ машғул шавад дар масъалаҳое, ки муҷтаҳид дар он мусиб аст [ё дар аҷр шарики] мусиб, зуҳкаи девон ва ибрати муҳассилон бошад. Ва барои ин, дев дар ҳаққи вай шамотат мекунад бад-он чи вайро дар зулумоти офатҳое, ки бихоҳем шумурд ва тафсили он ёд хоҳем кард, фурӯ бурдааст.
1 Ташаҳҳӣ - орзумандӣ, майл доштан ба чизе.
2 Эҳтиёл - ҳилаангезӣ.
3 Мусораа - бо ҳам даровехтан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо