Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

БАЁНИ ОФАТҲОИ МУНОЗАРА ВА ОН ЧИ
АЗ ОН ЗОЯД АЗ [ХӮЙҲОИ МУҲЛИК]

Бидон, ки мунозарае, ки барои ғалабаю ифҳом ва зоҳир кардани фазлу бозор ҷустан ва фахр кардану ситеҳидан ва истимолати мардумон вазъ афтодааст, манбаи кулли он хӯйҳост, ки накӯҳидаи Ҳаққ таъоло аст ва сутудаи душмани Ӯ иблис аст. Ва нисбати ӯ ба фавоҳиши ботин аз кибру учб ва ҳасаду мунофаса ва сутудани нафсу дӯстии ҷоҳ, нисбати хамр хӯрдан аст ба фавоҳиши зоҳир аз зинову қазф¹ ва хуни ноҳақку дуздӣ. Ва чунон ки касеро, ки мухайяр кунанд миёни хамр хӯрдан ва дигар фавоҳиш, хамр хӯрданро камтар шумурад ва бар он иқдом кунад ва он дар ҳоли мастӣ доияи иртикоби дигар фавоҳиш шавад, ҳамчунон касе, ки дӯстии ифҳом ва ғалаба дар мунозара ва талаби ҷоҳ ва мубоҳот бар ӯ ғолиб шавад, он дӯстии вайро боис бошад бар он ки кулли хабоис бар дил орад ва ҳама хӯйҳои накӯҳидаро дар вай барангезад. Ва далели накӯҳидагии он хӯйҳо дар «Рубъи муҳликот» бихоҳад омад, валекин ин ҷо ишорате кунем ба маҷомеи он чи мунозара онро барангезад.

Яке аз он ҳасад аст. Пайғомбар — алайҳи-с-салом — гуфт:
«Ал-ҳасаду яъкулу-л-ҳасаноти камо таъкулу-л-нору-л-ҳатаба». Ва мунозара аз ҳасад холӣ набошад, чӣ вақте ғолиб бувад ва вақте мағлуб ва як бор сухани вайро ситоянд ва бори дигар сухани ғайри вайро. Ва модом [ки] дар дунё касе бошад, ки вайро ба қуввати илм ва назар ёд кунанд ё гумон баранд, ки вай хубсухантар ва қавиназартар аз ӯст, вайро ҳасад кунад ва хоҳад, ки неъмати вай заволи пазирад ва дилҳо аз вай бигардад ва бад-ӯ моил шавад. Ва ҳасад оташе сӯзанда аст ва ҳар кӣ бад-ӯ мубтало шавад дар дунё

1 Қазф — тӯҳмат задан, дашномот додан.

пешина
аз 567
навбатӣ