Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

дар азоби [78] алим бошад. Ва азоби охират ҳаройина қавитару бузургтар. Ва барои ин Абдуллоҳи Аббос гуфт: «Хузу-л-илма ҳайсу ваҷадтумуҳу ва ло тақбалу қавла-л-фуқаҳои баъзуҳум фи баъзин фаиннаҳум ятағояруна камо ятағояру-т-туюсу фи-з-зарибатин». Илм ҳар ҷое, ки ёбед бигиред ва сухани фуқаҳо дар ҳаққи якдигар мапазиред, ки эшон бо якдигар рашк баранд, чунон ки гушнонбуз1 дар хобгоҳи гӯсфандон.

Дуввум такаббуру тарафӯъ аст бар мардумон. Ва Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Ман такаббара вазаъаҳу-л-Лоҳу ва ман тавозаъа рафаъаҳу-л-Лоҳу». Ҳар кӣ такаббур кунад, Ҳаққ таъоло вайро паст гардонад ва ҳар кӣ тавозӯъ кунад, Ҳаққ таъоло вайро рафъат бахшад. Ва ҳикоятан ани-л-Лоҳ2 гуфт: «ал-Кибриёу ридой ва-л-азамату изорӣ, фаман нозаъанӣ фихимо қасамтуҳу». Ай, кибриёву азамат ду сифати хосси ман аст, ҳар кӣ бо ман дар он мунозаат кунад, вайро шикаста гардонам. Ва мунозирон холӣ набошанд аз он чи бар ақрону амсол такаббур кунанд ва фавки андозаи хеш тавакқӯъ талабанд, то ба ҳадде, ки болотару фурӯтар нишастан дар маҷлисҳо ва наздику дур будан аз болишҳо ва тақаддум намудан дар мазоиқ чандон мунофасат кунанд, ки ба муқоталат анҷомад. Ва бисёр бошад, ки нодоне аз эшон ё маккоре фиребанда тааллул кунад, ки бад-ин тарафӯъ сиёнати иззи илм металабад, ки мӯъмин мунҷист аз излоли нафси худ. Ва тавозӯъро, ки сутудаи Худой ва пайғомбарони вай аст, мазаллат хонад ва такаббурро, ки мамкути3 Ҳаққ таъоло аст, иззи дин гӯяд ва номҳо [таҳриф] кунад ва халқро гумроҳ гардонат, чунон ки дар номи ҳикмату илм ва ғайри он кардаанд.

1 Гушнонбуз – бузҳои нар.
2 Манзур ҳадиси қудсӣ аст.
3 Мамкут – душмандошта шуда.

пешина
аз 567
навбатӣ