Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Севвум ҳиқд аст ва мунозир аз он холӣ набошад. Ва Пайғамбар – алайҳи-с-салом – гуфтааст: «ал-Мӯъмину лайса биҳақудин». Ай, ба камоли имон ҳиқдро дар дил маҷоле набошад. Ва дар мазаммати ҳиқд омадааст, ки пӯшида намонад ва ҳеҷ мунозире небинӣ, ки қодир бошад бар он чи кина дар дил надорад [бар] касе, ки сухани хасми вай қабул кунад ва дар он саре дарҷунбонад ва дар сухани вай таваққуф намояд ва онро некӯ исго нафармояд, бал чун онро мушоҳида кунад, музтарр шавад бад-он чи кина дар дил гирад ва онро бипарварад. Ва ғояти тамосуки ӯ он бошад, ки аз рӯи нифоқ онро пинҳон дорад ва дар ғолиби амр чизе аз он бар зоҳири вай ломаҳола пайдо ояд. Ва чӣ гуна аз ин холӣ бошад, ки сурат набандад, ки ҷумлаи мустамеон бар тарҷеҳи сухан ва истеҳсони кулли аҳволи ӯ дар эроди аздод муттафиқ шаванд ва агар аз хашми ӯ камтар ташбибе содир шавад, ки дар он қиллат илтифоте бошад ба сухани вай дар синаи [79] вай кинае ниҳол шавад, ки дасти рӯзгор то поёни умр онро барнаканад.

Чаҳорум ғайбат аст ва Ҳаққ таъоло онро ба хӯрдани мурдор ташбеҳ кардааст. Ва мунозир ҳамеша мувозабат намояд бар хӯрдани мурдор, чи холӣ набошад аз ҳикояти сухани хасм ва накӯҳиши он. Ва ғояти таҳаффузи ӯ он бошад, ки рост бувад ва дурӯғ ҳикоят накунад ва ломаҳола чизе ҳикоят кунад, ки бар қусури сухан ва нуқсони фазл ва аҷзи ӯ далел бошад ва он ғайбат аст. Ва аммо дурӯғ бӯҳтон аст. Ва ҳамчунин натавонад, ки забони худ нигоҳ дорад,
аз тааррузи ирзи касе, ки аз сухани вай эъроз орад ва гӯш ба сухани хасми вай дорад ва бар вай иқбол намояд, то ба ҳадде, ки вайро ба ҷаҳлу ҳамоқат ва қилляти фаҳму балодат нисбат диҳад.

1 Ҳақд ва ҳиқд – кина.
2 Исго - гӯш додан, гӯш додан ба сухани касе.
3 Тамосук - хештандорӣ.
4 Ҷамъи зидд, ба маънои мухолиф, носоз ва носозгор.
5 Ташбиб – оростан ва некӯ гардонидан.
6 Дар матни арабӣ: ингараса.
7 Ҳасм.
8 Сухани хасмро ба дурӯғ нақл кардан.

пешина
аз 567
навбатӣ