Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Панҷум тазкияти нафс аст. Ва Ҳаққ таъоло гуфтааст: «Фало тузакку анфусакум»². Ва ҳакимеро пурсиданд, ки сидқи қабеҳ кадом аст? Гуфт: «Санои нафси худ». Ва мунозара холӣ набошад аз он чи худро биситояд ба қуввату ғалаба ва тақаддуму фазл бар акрон. Ва дар аснои мунозара холӣ набуд аз он ки гӯяд: «Ман аз он наам, ки амсоли ин корҳо бар ман пӯшида монад ва ман дар улум мутафаннинам ва ба усули ҳифзи аҳодис мустақил» ва дигар суханон, ки бад-он тамаддух тавон кард, гоҳе бар сабили лоф ва гоҳе барои тарвиҷи сухани худ. Ва маълум аст, ки тасаллуф³ ва гарданкашӣ дар шаръу ақл накӯҳида аст.

Шашум таҷассус ва татаббӯи айбҳои мардумон. Ва Ҳаққ таъоло мефармояд: «Ва ло таҷассасу»⁴. Ва мунозир аз талаби асароти [акрон] ва татаббӯи айбҳои хасмон холӣ набошад, то ба дараҷае, ки агар бишнавад, ки мунозире ғариб ба шаҳр меояд, касеро талабад, ки аз бавотини аҳволи вай хабар диҳад ва аз мақобеҳ ва маоиби ӯ бипурсад, то онро уддат ва захира созад ба ҷиҳати ифзоҳ ва таҳчили ӯ ба вақте, ки ҳочат бошад, то ба ҳадде, ки аз аҳволи кӯдакӣ ва айбҳои Бадани ӯ истикшоф кунад, то шояд, ки бар ҳафвате⁵ ва айбе аз калӣ⁶ ва ғайри он воқиф шавад. Ва чун андак ғалаба аз ҷиҳати вай эҳсос кунад, агар тамосуке дорад онро ба таъриз бигӯяд ва онро аз ӯ мустаҳсан донанд ва аз латоифи ташбиб шумуранд ва агар ба сафоҳат1 ва истеҳзо мутабаҷҷиҳ2 бошад аз тасреҳ имтиноъ накунад, чунон ки аз тоифае, ки аз ҷумлаи акобир ва фуҳули эшон будаанд, ҳикоят кардаанд.

Ҳафтум шодӣ кардан ба андӯҳи мардумон ва ғамзада шудан ба шодии эшон. Ва ҳар кӣ бародари мусулмонро он нахоҳад, ки худро хоҳад, аз ахлоқи мӯъминон дур бошад. Ва ҳар кӣ ба изҳори фазл муфохара талабад [аз] он чи акрон ва ашколи ӯ - ки дар фазл бо вай мусовот кунанд - бад-он шод шаванд, ло муҳола ӯ бад-он андӯҳгин шавад. Ва душманоягӣ миёни эшон ҳамчунон бошад, ки миёни [сабуон, ки чун яке] дигариро аз дур бинад, ларза бар вай афтад ва рӯяш зард шавад. Ҳамчунин мунозир [80] чун мунозири дигарро бинад, рангаш мутағайир шавад ва фикраташ музтариб гардад, чунонастӣ, ки деве ё додае мебинад. Пас куҷо шуд он истиносу3 истирвоҳ,4 ки миёни уламои дин будӣ вақти мулоқот ва он чи аз эшон нақл шудааст аз бародарию ёрӣ ва мушоракат дар ғаму шодӣ? Чунон ки Шофей - разия-л-Лоҳу анҳу - гуфтааст: «ал-Илму байна аҳли-л-фазли раҳимун муттасил». Ва намедонам, ки ба мазҳаби ӯ чӣ гуна даъвии иқтидо кунанд ҷамоате, ки миёни эшон илм адовате қотеъ шудааст ва ҳеҷ сурат набандад, ки бо талаби ғалаба ва мубоҷот кори муонасат рост шавад? Ҳайҳот - ҳайҳот! Ва дар бадии чизе туро ин басандааст, ки ахлоқи мунофиқон бар ту лозим кунад ва туро аз ахлоқи мӯъминон ва муттақиён безор гардонад.

1 Сафоҳат - сухани беҳирадона ва баду бероҳа гуфтан, дашноm додан. Аз шавоҳиди ин корбурд: «Сухан нагӯянд, илло ба сафоҳат» (Саъдӣ); «Забон ба дашноми элчиён бигшоданд ва сафоҳат оғоз карданд». (Таърихи Рашидӣ); «Шерозие дар масҷид банг мепухт, ходими масҷид бад-ӯ расид бо ӯ аз дари сафоҳат даромад». («Мунтахабу-л-латоиф»-и Убайди Зоконӣ). (Шавоҳиди нақл аз «Луғатнома»).
2 Мутабаҷҷиҳ - исми фоҷил аз табаҷҷуҳ (изҳори шодӣ ва фахр кардан).
3 Истинос - унс гирифтан, унс пайдо кардан, улфат гирифтан.
4 Истирвоҳ - ором ёфтан, баросӯдан.

пешина
аз 567
навбатӣ