Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ҳаштум нифоқ аст. Ва дар бадии ӯ ба зикри шавоҳид ҳоҷат нест ва мунозирон бад-он музтарранд, чӣ хасмону дӯстон ва ашёи хасмонро мебинанд ва аз таваддуди забонӣ ва изҳори орзумандӣ ва эътидод ба макон ва аҳволи эшон чора намебошад ва мухотибу мухотаб ва ҳар кӣ мешунавад, медонад, ки он кизбу зур ва нифоқу фуҷур аст. Ва эшон дӯстонанд ба забон ва душманон ба дил. Наъузу-би-л-Лоҳи мин золик. Чӣ Пайғамбар — алайҳи-с-салом — гуфтааст: «Изо таъаллама-н-носу-л-илма ва тараку-л-амала ва таҳоббу би-л-алсуни ва табоғазу би-л-кулуби ва такотаъу фи-л-арҳоми, лаъанаҳуму-л-Лоҳу инда золика фаасаммаҳум ва аъмо абсораҳум». Чун мардумон илм биёмӯзанд ва амал бигзоранд ва ба забон дӯстон бошанд ва ба дил душманон ва хешовандиҳо бибуранд, Ҳаққ таъоло эшонро дар он ҳол лаънат фармояд ва кару кӯр гардонад. Ин ҳадис Ҳасан ривоят кардааст ва сиҳҳати он ба мушоҳадаи ҳол маълум шавад.

Нӯҳум гарданкашӣ аст аз ҳақ ва душвор доштани он ва ҳирси миро дар он. Ва душмантарин чизе ба наздики мунозир он аст, ки ҳақ бар забони хасми вай зоҳир шавад ва ҳар гоҳ, ки зоҳир шуд, дар ҷаҳду инкори он ба акса-л-ҷуҳд бирасад. Ва дар муҳодаа ва макру ҳила ба ҷиҳати дафъи он ғояти имкон мабзул дорад. Ва миро [дар вай] одате табиӣ шавад, пас ҳеҷ сухане нашнавад, ки на аз табъи вай доияи эътироз хезад бар он, то дар адиллаи Қуръон ва алфози шаръ он бар дили вай ғолиб шавад ва баъзеро аз он ба баъзе муқобала кунад.

1 Ашёъ – пайравон, ёрон, ҷамъи шиа.
2 Таваддуд – изҳори дӯстӣ кардан, толиби дӯстии касе будан ва дӯстии ӯро ҷалб кардан.
3 Эътидод – аҳамият ниҳодан.
4 Зур – дурӯғ, ботил.

пешина
аз 567
навбатӣ