Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва миро дар муқобалаи ҳаққу ботил маҳзур аст ва тарки миро аз муҳиққу мубтил дар шаръ мандуб. Чӣ Пайғамбар — алайҳи-с-салом — гуфтааст: «Ман тарака-л-мироа ва ҳува мубтилун буния лаҳу байтун фи рабази-л-ҷаннати ва ман тарака-л-мироа ва ҳува муҳиққун буния лаҳу [81] байтун фи аъла-л-ҷаннати»².
Мутарҷим мегӯяд, ки муҳиқро дар тарки миро савоби бештар аз он аст³, ки гузоштани миро бо он чӣ ба дасти вай бошад, бағоят душвор бошад. Ва Ҳаққ таъоло тасвия фармудааст миёни касе, ки бар Худой — азза ва ҷалла — дурӯғ варбофад ва миёни касе, ки ҳақро такзиб кунад. Ва гуфта: «Ва ман азламу мимманифтаро ала-л-Лоҳи казибан ав каззаба биоётиҳи»⁴. Ва гуфта: «Фаман азламу мимман казаба ала-л-Лоҳи ва каззаба би-с-сидқи из ҷоаҳу»⁵.
Даҳум риё ва мулоҳазаи халқ аст ва кӯшидан дар истимолати дилҳо ва гардонидани рӯйҳои эшон. Ва риё дарде сахт аст, ки сӯи бузургтарин кабираҳо доъӣ аст. Ва мақсуди мунозир ҷуз шӯҳрат ва зуҳур миёни мардумон ва кушода шудани забони эшон ба санои вай нест.
ПАС, ин даҳ хислат аст аз уммаҳоти фавоҳиши ботин, беруни он чӣ иттифоқ афтад ҷамоатеро, ки хештандор набошанд ва хусумате, ки муаддӣ шавад ба мушт задан ва ҷома даридан ва мӯй гирифтан ва дашноми падару модару устодон ва қазфи сареҳ, чӣ эшонро дар зумраи мӯътабарон нашмуранд.
¹ Мандуб — мустаҳаб.
² Ҳар кас аз риёкорӣ даст бидорад ва ӯ мубтил бошад, хонае дар ҳавмаи биҳишт бароиш бино шавад ва ҳар кӣ тарки риё кунад ва ӯ муҳиқ бошад, хонае дар садри биҳишт бароиш бино шавад.
³ Аз он аст — аз он ҷиҳат аст.
⁴ Анъом, 6:21. «Кист ситамкортар аз он кас, ки бар Худо дурӯғ баст ё оёти Худоро такзиб кард».
⁵ Зумар, 39:32. «Пас дар он рӯз аз он кас, ки бар Худо дурӯғ баста ва ваъдаи сидқи расулони Худоро такзиб карда, ҳеҷ кас ситамкортар ҳаст? (ҳаргиз нест)».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо