Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва акобиру укалои эшон аз ин даҳ хислат холӣ набошанд. Ва раво, ки баъзе аз эшон аз баъзе аз ин хисол [солим] монанд, чун камии дараҷаи хасмӣ бешии он дараҷа аз дараҷаи вай нек зоҳир бошад; ва ё аз шаҳр ва асбоби маишати ӯ дур бувад ва ҳеҷ кас холӣ набошад аз он, чун дараҷаи хасм мусовӣ ва муқориб бувад.

Ва аз ҳар хислате аз ин даҳгона даҳ разилати дигар бизояд – ва мо ба зикр ва тафсили оҳоди он дароз намекашем – чун: хашм, нанг, душманоягӣ, тамаъ, дӯстии молу ҷоҳ аз барои имкони ғалаба ва мубоҳот, анбордагӣ, таъзими подшоҳону тавонгарон ва рафтани бари эшон ва моли ҳароми эшон истодан, таҷаммул ба асбону маркабон ва ҷомаҳои маҳзур, хордошти мардумон ба фахру кибр, хавз дар молаънӣ, бисёрии сухан, берун шудани тарс ва ҳурмат аз дил, муставлӣ шудани ғафлат бар он то ба ҳадде, ки дар намоз надонад, ки чӣ мехонад ва бо кӣ муноҷот мекунад ва аз дили хеш эҳсоси хушуъ накунад, мустағрак кардани умр дар илмҳое, ки дар мунозара муъин бошад, агарчи ороиши иборат ва саҷъи лафз ва ҳифзи нодира бувад ва ғайри он аз корҳо, ки дар шумори наёяд.

Ва мунозирон бар ҳасби дараҷоти хеш дар он мутафовит бошанд ва эшон [ро] дараҷоти мухталиф аст. Ва он ки дар дин бузургтар бувад ва ақли вай бештар, аз мояҳои ин ахлоқ холӣ намонад. Ва ғояти ӯ пӯшидани он бошад ва дар он бо нафс муҷоҳада кардан. Ва бидон, ки аз ин разоил музаккирон ва воизонро низ лозим аст, чун мақсуди эшон талаби қабул ва иқомати ҷоҳ ва ёфтани тавонгариву иззат бошад. Ва соҳиби илми мазҳаб ва фатовиро ҳам лозим аст, чун гарази вай талаби қазо ва тавлияти авқоф [82] ва пешдастӣ бар ёрон бошад. Ва дар ҷумла, ҳар кӣ ба илм ҷуз савоби охират талабад, вайро лозим аст. Чӣ илм олимро муҳмал нагузорад, иммо ба ҳалоки абад расонад ва иммо ҳаёти абад бахшад.

пешина
аз 567
навбатӣ