Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Ашадду-н-носи азобан явма-л-қиёмати олимун лам янфаҳҳу-л-Лоҳу биилмих». Пас илм вайро зиён дошт, бо он чӣ суд накард*1. Ва кошкӣ сар ба сар биҷастӣ. Ва ҳайҳот! Чӣ хатари илм азим аст ва толиби ӯ толиби мулки абад ва наими сармад аст. Пас холӣ naboshad, иммо аз мулк ва иммо аз хулқ. Ва ӯ чун [толиби] мулки дунёст, агар иттифоқи ёфти он набошад, саломати фурӯмоягон тамаъ натавон дошт. Ва он чора набошад аз он чӣ расвотарин ҳоле лозим ояд.

Суол: Агар гӯйӣ рухсати мунозара [мутазаммини] фоида аст ва он тарғиби мардумон аст дар талаби илм, чӣ агар дӯстии риёсат набудӣ илмҳо мундарис шудӣ?

Ҷавоб: Сухани ту аз ваҷҳе рост бувад, валекин фоида накунад, чӣ агар ваъдаи гӯю чавгон ва бозии гунҷишгон набошад, кӯдакон дар дабиристон2 роғиб нашаванд. Ва он далел нест бар он ки рағбат дар он сутудааст. Ва агар дӯстии риёсат [набошад, илм мундарис шавад ва он далел накунад бар он ки толиби риёсат] растагор аст, бал ӯ аз он касон аст, ки Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфтааст: «Инна-л-Лоҳа лауаййиду ҳоза-д-дина биаквомин ло халоқа лаҳум». Ай, Ҳаққ таъоло ин динро қавӣ кунад ба мардумоне, ки эшонро фазилате, ки аз халқ муктасаб шавад, набошад. Ва низ гуфта: «Инна-л-Лоҳа таъоло лауаййиду ҳоза-д-дина би-р-рачули-л-фочири». Пас талаби риёсат дар нафси худ ҳалок аст ва дигаре ба сабаби ӯ салоҳ пазирад, агар сӯи тарки дунё хонад. Ва он дар касе бошад, ки ҳоли ӯ дар зоҳируламр ҳоли уламои салаф бувад, валекин дар дил қасди ҷоҳ дорад. Пас, мисоли ӯ шамъ аст, ки дар нафси худ месӯзад ва дигарон аз вай рӯшноӣ мегиранд. Пас салоҳи ғайри ӯ дар ҳалоки ӯст. Ва аммо чун ба талаби дунё хонад, мисоли ӯ оташи сӯзанда аст, ки худро ва ғайри худро ҳалок кунад.

2 Яъне илова бар он чӣ фоида набахшид, зиён расонид.
2 Дабиристон – мактаб.

пешина
аз 567
навбатӣ