Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Пас уламо се қисманд: иммо худро ва ғайри худро ҳалоккунанда ва эшон муқбилонанд бар дунё ва хонандагон сӯи он ошкоро. Ва иммо худро ва ғайри худро некбахтгардондаанд ва эшон хонандагонанд аз дунё ба Ҳаққ таъоло дар зоҳиру ботин. Ва иммо муҳлики нафси худ ва мусъиди ғайри худанд ва эшон он касонанд, ки ба охират мехонанд ва дунё бигзоштаанд дар зоҳир ва мақсуди эшон дар ботин қабули халқ ва [иқомати] ҷоҳ аст. Пас бингар, ки ту аз кадом қисмӣ! Ва гумон мабар, ки Ҳаққ таъоло илме ва амале, ки холис барои ризои вай набошад, қабул кунад. Ва дар «Китоби рибо», бал кулли «Рубъи муҳликот» бихоҳад омад, он чи райбатро аз ту зоил кунад. Иншоа-л-Лоҳу таъоло. [83]

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо