Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

боби панҷум

ДАР ОДОБИ МУТААЛЛИМ ВА МУАЛЛИМ

АММО ОДОБИ МУТААЛЛИМ

Вазоифи ӯ бисёр аст, валекин тафорики он дар даҳ ҷумла мунтазам шавад.

Вазифати аввал тақдими таҳорати нафс аст аз хӯйҳои бад ва сифатҳои накӯҳида, чи илм ободонии дил ва намози сир ва қурбати ботин аст ба Ҳаққ таъоло. Ва чунон ки намоз, ки вазифати ҷавореҳи зоҳир аст дуруст набошад, магар ба покии зоҳир аз ҳадасҳо ва наҷосатҳо, пас ҳамчунон ибодати ботин ва иморати дил ба илм дуруст набошад, магар бо покӣ аз бадиҳои ахлоқ ва бадиҳои авсоф. Қола – алайҳи-с-салом: «Буния-д-дину ала-н-назофати». Ва ӯ дар ботину зоҳир ҳамчунин аст.

Ва Ҳаққ таъоло гуфт: «Иннама-л-мушрикуна наҷасун»¹. Ақлҳоро бад-ин [танбеҳ] фармуд, ки покӣ ва палидӣ бар завоҳири маҳсус максур нест, чи мушрик раво, ки покизаҷома ва шустаандом бошад, валекин палидгавҳар аст, ай, ботини ӯ ба палидиҳо олуда аст. Ва наҷосат чизеро гӯянд, ки аз он як сӯ бояд шуд ва дурӣ бояд талбид. Ва ба як сӯ шудан аз палидиҳои сифоти ботин муҳимтар аст, чи бо он чи палид аст дар ҳол, муҳлик аст дар маол.

Қола – алайҳи-с-салом: «Ло тадхулу-л-мароикату байтан фиҳи калбун». Ва дил хонаест, ки манзили фариштагон ва маҳбити осор ва маҳалли қарори эшон аст ва сифатҳои бад, чун хашму шаҳват ва кинаву ҳасад ва кибру учб ва ахавоти он, сагони дар бонг омадаанд. Пас, фариштагон кай дар он дар раванд чун ӯ ба сагон машҳун аст? Ва Ҳаққ таъоло нури илм дар дил наяндозад магар ба воситаи малоика: «Ва мо кона либашарин ан юкаллимаҳу-л-Лоҳу илло ваҳян ав мин варои ҳиҷобин ав юрсила расуло».
Ва ҳамчунин он чи аз раҳмати улум ба дилҳо фиристад, расонандагони он ҷуз фариштагоне, ки гумоштаи Онанд, набошанд ва эшон аз мазмумот муқаддасу мутаҳҳар ва мубарроанд. Пас, ҷуз дар некӯӣ нангаранд ва ҷуз покиро ба хазоини раҳмати Ҳаққ таъоло, ки наздики эшон аст, ободон нагардонанд. Ва намегӯем, ки мурод ба лафзи «байт» дил аст ва ба лафзи «қалб» хашм ва дигар сифатҳо, валекин мегӯем, ки ӯ танбеҳ аст бар он. Ва фарқ аст миёни он ки завоҳирро бигардонӣ ва бар бавотин ҳамл кунӣ ва миёни он ки аз завоҳир бар бавотин мутанаббеҳ шавӣ бо он чи завоҳирро барқарор бидорӣ. Ва бад-ин дақиқа аз ботиниён дур шав, ки ин тариқи эътибор аст ва роҳи уламо ва аброр аст. Ва эътибор он бошад, ки аз мазкур абра кунӣ ва ба ғайри он равӣ. Чунон ки оқиле мусибати дигаре бинад аз он ибрат гирад бад-он чи мутанаббеҳ шавад, ки ӯ низ дар маърази мусибат аст ва дунё бар шуруфи тағайюр. Пас, гузаштани ӯ аз дигаре ба худ ва аз худ ба дунё ибрате сутуда аст. Пас, ту низ эътибор кун аз хонае, ки бинои халқ аст ба дил, ки ӯ хонаест бино кардаи [84] Ҳаққ таъоло. Ва аз саг, ки барои сифати накӯҳида аст ва он додагӣ ва палидӣ аст, на барои сурат, бал ба рӯҳ ва маънии сагӣ, ки он сабаият аст.


¹ Тавба, 9:28.

пешина
аз 567
навбатӣ