Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва бидон, ки диле, ки машҳун аст ба хашм ва шараҳи дунё ва ба ҳам барҷастан дар он ва ҳирс бар тамзиқи аърози мардумон, ӯ дар маъно саг аст ва дар сурат дил. Ва суратҳо дар ин олам бар маъонӣ ғолиб аст ва маъонӣ дар он пӯшида ва дар охират суратҳо тобеи маъонӣ хоҳад буд ва маъонӣ бар он ғолиб. Барои он ҳар шахсеро бар сурати маънавии вай ҳашр хоҳанд кард ва мумаззиқи ирзҳои мардумон бар сурати саге даранда хоҳанд буд ва ҳарис бар молҳои эшон бар сурати гурге рубоянда ва мутаккабир бар сурати паланге ва толиби риёсат дар сурати шере. Ва дар ин боб ахбор омадааст. Ва наздики аҳли басират, эътибор шоҳиди он аст.

Суол: Бисёр толиби бадхӯй илмҳо ҳосил кардааст.

Ҷавоб: Ҳайҳот! Чӣ дурӣ ту аз илми ҳақиқии судманд дар охират ва ҷолиби саодат! Чӣ дар авоил он илм пайдо ояд, ки маъсият заҳри қотил аст. Ва ҳеҷ дидаи касе, ки тановул кунад чизе бо он чӣ бидонад, ки он заҳр аст? Ва он чӣ аз мутарассимон мешунавӣ, суханест, ки ёд гирифтаанд – гоҳе онро ба забон мегӯянд ва гоҳе дар дил мегардонанд – онро бар илм гузаре нест.

Абдуллоҳи Масъуд гуфт: «Лайса-л-илму бикасрати-р-ривояти иннама-л-илму нурун юкзафу фи-л-қалб». Илм [ба] бисёрии ривоят нест ва нест [илм] магар нуре, ки дар дил афтад. Ва яке аз уламо гуфт: «Илм нест, магар ҳашят». Чӣ Ҳақ таъоло гуфтааст: «Иннамо яхша-л-Лоҳа мин ибодиҳил-уламоу». Ва ин ишоратест ба ахасси самароти илм. Ва барои ин яке аз муҳаққиқон гуфт: «Маънои «Таъалламна-лилма лигайри-л-Лоҳи фаайа-л-илму ан якуна илла-л-Лоҳ»
он аст, ки илм имтиноъ намуд ва ҳақиқати он моро мункашиф нагашт ва ҳосил нашуд моро ҷуз ҳадису алфози ӯ».

Суол: Ҷамоате аз фуқаҳои муҳаққиқ мебинем, ки дар фурӯъ ва усул аз акрон гузаштаанд ва дар ҷумлаи фуҳул маҳдуд шуда ва ахлоқи эшон накӯҳида аст ва аз он пок нашудаанд.

пешина
аз 567
навбатӣ