Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ҷавоб: Чун маротиби илмҳо бидонӣ ва илми охират бишносӣ, рӯшан шавад туро, ки он чи бад-он машғул шудаанд, камфоида аст аз он рӯй, ки илм аст ва судманд нест магар аз он рӯй, ки амалест барои Ҳаққ таъоло, чун мақсуд аз он тақарруб бошад бад-Ӯ. Ва ишорате сӯи [ин] маъни собиқ шудааст ва мазиди баён ва эзоҳи он ба зудӣ бихоҳад омад.

Вазифати дуввум он ки алоиқи худ аз дунё кам кунад ва аз аҳлу ватан дур шавад, чи алоиқ шогил ва сориф аст. «Ва мо ҷаъала-л-Лоҳу лираҷулин мин қалбайни [85] фи ҷавфиҳ»1. Худой – азза ва ҷалла – ҳеҷ мардеро ду дил надодааст. Ва ҳар гоҳ, ки фикрат мункасим шавад, аз дарёфти ҳақоиқ қосир гардад. Ва барои ин гуфтаанд, ки илм баъзеи худ2 ба ту надиҳад, то таваккули худ ба вай надиҳӣ, ва чун кулли худ ба вай додӣ, дар мухотара бошӣ, ки ӯ баъзеи худ ба ту диҳад ё на? Ва фикрат чун ба корҳои мутафарриқ қисмат шавад, ҳамчун чӯйе бувад, ки [оби он] тафриқа шавад ва баъзе замин нашф3 кунад ва баъзе ҳаво бибарад ва чандоне аз ӯ боқӣ намонад, ки ҷамъ шавад ва ба киштзор расад.

Вазифати севвум он аст, ки бар илм такаббур накунад ва муаллимро фармон надиҳад, бал зимоми кори хеш ба куллият ба дасти вай диҳад дар ҳама тафсилҳо ва насиҳати ӯро мунқод бошад, чунон ки бемор табиби мушфиқи ҳозикро. Ва бояд, ки вайро тавозӯъ кунад ва ба хидмати ӯ толаби савобу бузургӣ бошад.

1 Ахзоб, 33:4.
2 Дар Шарҳи Забидӣ: (баъзуҳ), ай баъзан мин ҳақоиқиҳи ва самаротиҳи.
3 Нашф – ба худ кашидан, ҷазб кардан.

пешина
аз 567
навбатӣ