Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Шаъбӣ¹ гуфт, ки Зайди Собит намози ҷаноза бигузорд, уштур пеш оварданд то барнишинад, Абдуллоҳи Аббос биёмад ва рикоб бигрифт. Зайд гуфт: «Бигзор, эй писари амми Расули Худой». Абдуллоҳи Аббос гуфт: «Ҳамчунин фармудаанд моро, ки уламо ва бузургонро хизмат кунем». Зайд дасти вай бибусиду гуфт: «Ҳамчунин фармудаанд, ки аҳли байти Пайғомбарро таъзим намоем».

Ва Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Лайса мин ахлоқи-л-мӯъмини-т-тамаллуку илло фи талаби-л-илми». Чоплусӣ аз хӯйи мӯъминон нест ҷуз дар талаби илм. Ва толибро набояд, ки бар муаллим такаббур кунад. Ва аз такаббури ӯ бар муаллим яке он аст, ки нанг дорад аз истифодат ҷуз аз он касе, ки манзуру машҳур бошад ва ин айни ҳамоқат аст, чӣ илм сабаби наҷоту саодат аст. Ва ҳар кӣ гурезҷое талабад аз дадаи дарандаде, ки вайро бихостӣ шикаст, фарқ накунад миёни он чӣ машҳуре³ вайро гурезҷое намояд ё хомиле⁴. Ва заровати⁵ сибои оташ бар ношиносандагони Худой саҳбтар аз заровати ҳамаи дадгон аст. Пас, ҳикмат гумшудаи мӯъмин аст, ҳар ҷое, ки онро биёбад ғанимат шуморад ва миннати тақаллуд намояд аз он кас, ки онро ба вай расонад, ҳар кӣ бошад. Ва барои он гуфтаанд, ки илмро бо мутакаббир муҳорабат аст, чунон чӣ селро аз баландӣ муҷонибат⁶ аст. Ва илмро наёбанд, магар ба тавозӯъ ва гӯш доштан.
Қола-л-Лоҳу таъоло: «Инна фӣ золика лазикро лиман кона лаҳу қалбун ав алқа-с-самъа ва ҳува шаҳид».

¹ Абӯамр Омир ибни Шарохили Шаъбии Ҳимҷарӣ (19-103 ҳиҷрӣ).
² Абӯсаид (Абӯҳориҷа) Зайд ибни Собит ибни Заҳҳоки Ансории Хазраҷӣ, саҳобии машҳур ва аз котибони ваҳй (11 қабл аз ҳиҷрат – 45 ҳиҷрӣ).
³ Машҳure - Саршиносе.
⁴ Хомил – гумном.
⁵ Зароват – озманд шудан ва дар пайи шикор давидани даранда, ҳуҷуми ҳарисона.
⁶ Муҷонибат – дур шудан.

пешина
аз 567
навбатӣ