Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

Ва маъно соҳибдил будан аст, ки қобили илм бошад ва фаҳм кунад ва қудрати фаҳм басанда набошад [то] он гоҳ, ки гӯш дорад бо ҳузури дил ва ба ҳусни исғо2 ва фурӯтанӣ ва шукру шодӣ ва қабули миннат истиқбол намояд, он сухан- ро, ки бо вай гуфта шавад. Ва мутааллим бояд, ки муал- лимро чун замини нарм бошад, ки борони бисёр бар вай борад ва аҷзои ӯ кулли он обро даркашад ва қабули онро бакуллият хозеъ шавад. Ва дар тааллум [86] ҳар тариқе, ки муаллим бад-ӯ намояд, онро тақлид кунад ва раъйи хеш бигзорад, ки хатои муршиди ӯ вайро судмандтар аз савоби ӯ бувад, чӣ таҷриба мардумро мутталеъ мегардонад бар дақиқатҳое, ки шунидани он мустағрабу мустабъад бошад ва суди он бузург. Ва бисёр бемори маҳрур3 бошад, ки та- биб дар баъзе авқот илоҷи вай ба гармӣ кунад, то чандоне қувват гирад, ки садамати илоҷро эҳтимол кунад ва касе, ки хабаре надорад, аз он тааҷҷуб намояд.

Ва Ҳаққ таъоло ба қиссаи Мӯсову Хизр – алайҳиму-с- салом – танбеҳе фармуда он ҷо, ки Хизр гуфт: «Лан таста- тиъа маъия сабран. Ва кайфа тасбиру ало мо лам туҳит биҳи хубран?»4. Ҳаргиз бо ман сабр натавонӣ кард ва чӣ гуна сабр кунӣ бар чизе, ки ба илми ботини он иҳотате надорӣ. Пас шарт кард бо вай, ки хомӯш бошад [ва худро] таслим кунад ва гуфт: «Фаини-т-табаътанӣ фало тасъалнӣ ан шай- ин ҳатто уҳдиса лака минҳу зикран»5. Пас Мӯсо – алайҳи-с- салом – сабр накард ва пайваста раддеву эътирозе меовард, то он сабаби муфорақати эшон шуд. Ва дар ҷумла, ҳар му- тааллим, ки худро раъйе ва ихтиёре боқӣ гузорад беруни раъйи муаллим, ҳукм кун, ки ӯ хоиб1 ва хосир шавад.

1 Қоф, 50:37.
2 Исғо - гӯш додан.
3 Маҳрур – гармшуда ба оташи таб, гарммизоҷ.
4 Каҳф, 18:67-68.
5 Каҳф, 18:70.

пешина
аз 567
навбатӣ