Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Суол: Пурсидан аз уламо маъмурун биҳ аст. Қола-л-Лоҳу таъоло: «Фасъалу аҳла-з-зикри ин кунтум ло таъламун»2.

Ҷавоб: Бидон, ки ҳамчунин аст, валекин дар чизе, ки муаллим пурсидани онро дастуре диҳад. Чӣ суол аз чизе, ки мартабаи ту ба фаҳми он нарасида бошад, накӯҳида аст ва ба ҷиҳати ин Хизр Мӯсоро аз суол боздошт, эй, суоли пеш аз вақт бигзор, ки муаллим ба аҳлият ва ҳангоми кашф донотар аст. Ва то [дар ҳар дараҷае] аз мароқии3 дараҷот ҳангоми кашф наояд, суоли он нашояд.

Ва Алӣ - разия-л-Лоҳу анҳу - гуфт: «Инна мин ҳаққи-л-олими ан ло туксира алайҳи би-с-суоли ва ло туъанитаҳу фи-л-ҷавоби ва ло тулиҳҳа алайҳи изо касала ва ло таъҳуза бисавбиҳи изо наҳаза ва ло тафшия лаҳу сирран ва ло тағтобанна индаҳу аҳадан ва ло татлубанна асратаҳу ва ин залла қабилта маъзиратахӯ, алайка ан туваққираҳу ва туъаззимаҳу ли-л-Лоҳ мо дома яҳфазу амра-л-Лоҳи. Ва ло таҷлиса амомаҳу ва ин конат лаҳу ҳоҷатун, сабақта-л-қавма ило хизматиҳи». Аз ҳаққи олим он аст, ки аз вай бисёр напурсӣ ва дар ҷавоб тааннут4 накунӣ ва чун коҳил шавад илҳоҳ5 нанамой ва ба вақти бархостан ҷомаи ӯ нагирӣ ва сирри ӯ фош нагардонӣ ва пеши ӯ ғайбати ҳеҷ кас бар забон наронӣ ва [асрати] ӯ наҷӯй ва агар зиллате кунад, маъзарати ӯ қабул кунӣ ва бар ту воҷиб аст, ки дар тавқиру таъзими ӯ кӯшӣ барои Ҳаққ таъоло модом, ки фармони Ӯ нигоҳ дорад ва дар нишастан бар вай тақаддум раво надорӣ ва агар вайро ҳоҷате бошад, дар хидмати ӯ бар дигарон мусобақат воҷиббинӣ.

1 Хоиб - ноумед, бебаҳра.
2 Наҳл, 16:43.
3 Мароқӣ - (ҷамъи марақот ё мирқот), пиллаҳои нардбон.
4 Тааннут - хурдагирӣ, айбҷӯӣ.
5 Илҳоҳ - дар талаби чизе исрор ва пофишорӣ кардан, дархост кардан, хостани чизе бо зорию илтимос.

пешина
аз 567
навбатӣ