Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Вазифаи чаҳорум он аст, ки хоҳизи илм дар аввали кор [87] ба ихтилофи мардумон гӯш надорад — хоҳ аз илмҳои дунё бошад, хоҳ аз илмҳои охират — чӣ он ақлро мадҳуш кунад ва зеҳнро ҳайрон ва роҳро суст ва аз дарёфтан ва мутталеъ шудан бар он ноумед гардонад. Бал бояд, ки дар аввал як тариқат, ки писандидаи устоди вай бошад, некӯ бидонад, он гоҳ пас аз он гӯш ба мазҳабҳо ва шубҳатҳо дорад. Ва агар устоди ӯ ба роҳ ва ихтиёри мустақил набошад, бал одати ӯ он бувад, ки мазоҳиб ва он чӣ гуфтаанд, нақл кунад, аз ӯ эҳтироз намоянд, ки излоли ӯ беш аз иршод бошад. Соҳиби ин ҳол дар нобиноии ҳайрат ва саргардонии ҷаҳл бувад ва нобино дасткашӣ ва роҳбарии нобиноёнро нашояд. Ва манъи мубтадӣ аз шубҳатҳо чун манъи навмусулмон аст аз мухолатати кофирон ва истеҳбоби назар дар ихтилофот мунтаҳиро1 чун истеҳбоби мухолатати кофирон аст мусулмони росиҳақидаро, то эшонро ба ислом даъват кунад. Ва барои ин оҷизро аз ногаҳ бар саффи кофирон задан манъ кунанд ва [ҳамин] феъл дар ҳаққи пурдил мустаҳаб доранд. Ва ба сабаби ғафлат аз ин дақиқа, баъзе заифон пиндоштаанд, ки иқтидо ба ақвиё дар мусоҳалот, ки аз эшон нақл шудааст, ҷоиз аст ва надониста, ки вазоифи ақвиё мухолифи вазоифи зуафо бошад.

Ва ба ҷиҳати ин бузурге аз эшон гуфтааст: «Ҳар кӣ моро дар аввал дид, сиддиқ шуд ва ҳар кӣ дар охир дид, зиндиқ гашт». Чӣ дар ниҳоят корҳо ба ботин бозгардад ва ҷавореҳ сокин шавад магар аз фароиз, пас бинандаро чунон намояд, ки он коҳиливу батолату иҳмол аст. Ҳайҳот! Чӣ он муқим шудани дил аст дар айни ҳузуру мушоқада ва лозим гирифтани зикр аст аладдавом, ки он фозилтарин корҳост. Ва ташаббуҳи заиф ба қавӣ дар чизе, ки зоҳир зиллат намояд, ҳамчунон бошад, ки касе наҷосате андак дар кӯзаи об андозад ва узри он бар ин ҷумла такрир кунад, ки азъофи ин наҷосат дар дарё меандозанд ва дарё аз кӯза бузургтар аст, пас чизе, ки дар дарё раво бошад дар кӯза равотар бувад.

1 Мунтаҳӣ - (муқобили мубтадӣ), ба охир расида, ба ниҳоят расида.

пешина
аз 567
навбатӣ