Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва ин бечора надонад, ки дарё ба қуввати худ наҷосатро об гардонад ва палидӣ ба сабаби истилои ӯ ба сифати покӣ мункалиб шавад ва палидии андак бар [оби] кӯза ғолиб шавад ва онро ба сифати палидии хеш орад. Ва мисли ин аст, ки Пайғомбарро раво мебошад чизе, ки ҷуз Ӯро раво набвад, то ба ҳадде, ки нӯҳ зан вайро раво бувад, чи Ӯ қуввати он дошт, ки аз Ӯ сифати адл ба занон сироят кунад агарчи бисёр бошанд. Ва ғайри Ӯ адл натавонад кард, бал зарар аз эшон бад-ӯ расад, то барои талаби ризои эшон дар маъсият афтад. Пас чунон ки дар масал аст, фариштагонро ба дарбонон қиёс нашояд кард, ки бар ин қиёс растагорӣ набвад.

Вазифати панҷум он аст, ки толиб илми ҳеҷ фанне аз илмҳои сутуда ва ҳеҷ навъе аз он нагузорад, [88] ки на дар он назар кунад — назаре, ки аз он бар мақсаду ғояти он мутталеъ шавад. Пас, агар умр мусоадате намояд, дар ҳар як аз он табаххур талабад ва илло бад-он чи муҳимтар аст, машғул шавад ва онро муставфӣ кунад ва дар боқӣ мустатраф1 бошад, чи илмҳо якдигарро ёрӣ диҳад ва баъзе аз он ба баъзе бозбаста аст. Ва дар ҳоли [инфикок] бад-он қадр аз адовати он илм ба сабаби ҷаҳли он халос ёбад, чи мардумон душмани он чизанд, ки онро надонанд. Қола-л-Лоҳу таъоло: «Ва из лам яхтаду биҳи фасаяқулуна ҳозо ифкун қадим»2. Ва қола-ш-шоир:
Ва ман яку зо фамин муррин маризин,
Ячид мурран биҳи-л-моа-з-зулола3.

1 Мустатраф – тарфа шумурдан, нав гирифтан, тоза.
2 Аҳқоф, 46:11.
3 Ҳар киро бошад даҳан талх аз малол, талх ёбад лаззати оби

пешина
аз 567
навбатӣ