Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ай, ҳар кӣ даҳани талху бемор дорад, оби зулолро талх пиндорад.

Ва илмҳо ба дараҷоти худ, аммо бандаро ба Худой расонандаанд ва аммо ба навъе аз ионат дар он ёрикунанда. Ва онро дар наздикӣ ва дурӣ аз мақсуд манзилҳо мураттаб аст. Ва қивоми он илмҳо чун нигоҳдорандаи сагрҳо ва работҳоанд ва ҳар яке аз мартабаест ва ба ҳасби дараҷаи ӯ савобе дар охират, чун мақсуди ӯ ризои Ҳаққ таъоло бошад.

Вазифати шашум он аст, ки умр дар ғолиби амр ба кулли илмҳо вафо накунад. Пас ҳазм он бошад, ки аз ҳар чизе хубтари он бигирад ва бар шаммате аз он иқтисор намояд ва маҷмӯи қуввати худ дар истикмоли илме, ки шарифтари илмҳост, сарф гардонад. Ва ин илми охират аст, аънӣ қисми муомала ва қисми мукошафа. Чӣ ғояти муомала мукошафа аст ва ғояти мукошафа маърифати Ҳаққ таъоло. Ва ман ба маърифат на эътиқодеро мехоҳам, ки авом онро ба талаққуф² ва талақкун³ гирифтаанд аз падарони худ ва на тариқи таҳрири калом⁴ ва муҷодаларо дар нигоҳдошти он эътиқод аз дастон⁵ овардан ва куштӣ гирифтани хасмон, чунон ки ғояти мутакаллим аст, балки он навъ яқинест, ки самараи нуре бошад, ки Ҳаққ таъоло дар дили бандае андозад, ки ботини худро аз палидиҳои муҷоҳада пок карда бувад. Ва ниҳоияти он мартабаи имони Бӯбакр аст, ки агар бо имони ҷаҳониён онро вазн кунӣ, роҷеҳ ояд⁶, чунон ки Пайғомбар – алайҳи-с-салом – ба сиҳҳати он

зулол. (Яминӣ).
¹ Муомала – амал ба аҳкоми шаръии мутааллиқ ба умури дунё.
² Талаққуф – шифоҳӣ гирифтан (аҳаза би-л-фам - Забидӣ).
³ Талақкун – ба мушофаҳа гирифтани чизеро.
⁴ Дар Шарҳи Зубайдӣ: (тариқу таҳрири-л-калом) би-л-барохини-д-долати ало мақсурих.
⁵ Дастон – суруду нағма ва ҳикояту афсона.
⁶ Дар Шарҳи Зубайдӣ: Аҳрачаҳу Ибни Удаӣ мин ҳадиси Ибни

пешина
аз 567
навбатӣ