Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

гувоҳӣ додааст. Чӣ наздики ман он нест, ки он чӣ эътиқоди авом аст ва он чӣ мутакаллимон — ки аз оммиён мутамай- из наанд магар ба сухан ва барои он синоати эшонро «ка- лом» ном шудааст — мураткаб гардонидаанд. Умару Алӣ ва дигар саҳоба — разия-л-Лоҳу анҳум аҷмаин — аз он оҷиз бу- данд то¹ Бӯбакр бар эшон роҷеҳ шуд ба сирре, ки дар си- наи вай қарор гирифт. Ва учб аз он кас, ки мисли ин суха- нон аз соҳиби шаръ бишнавад, пас ҳақир дорад он чӣ бар вифқи он шунавад ва гӯяд, ки турраҳоти² сӯфиён аст ва маъқул нест.

Пас, дар ин мақом оҳистагӣ кун, чӣ сармоя ин ҷо ба бод додаӣ! Ва ҳарис шав бар маърифати сирре, ки аз би- зоати фуқаҳо ва мутакаллимон берун аст, ки ҷуз ҳирси ту [89] дар талаб туро бад-он роҳ нанмояд.

Ва дар ҷумла шарифтари илмҳо ва ғояти он маърифа- ти Ҳаққ таъоло аст ва он ба ҳаддест, ки ғаври он дарната- вон ёфт. Ва ақсо дараҷоти башар дар он мартабаи анбиёст, пас авлиё, пас ҷамоате, ки бар эшон наздик бошанд. Ва омадааст, ки сурати ду ҳаким аз ҳукамои мутааббид дар масҷиде диданд ва дар дасти ҳар як рукъате³. Дар як рук- ъат ин буд, ки агар ҳамаи чизҳо некӯ бидонӣ, гумон мабар ки ҳеҷ чиз бидонистаӣ, то он гоҳ, ки Ҳаққ таъолоро бишно- сӣ ва бидонӣ, ки Ӯ мусаббиби асбоб ва мӯҷиди ашёст. Ва дар дигар он ки пеш аз он ки Ҳаққ таъолоро бишносам, об мехӯрдам ва ташна мемондам ва чун Ҳаққ таъолоро биш- нохтам бе об сероб мегаштам.

Умар биисноди заиф ва равоҳу-л-Байҳақӣ мавқуфан ало Умар би- исноди саҳеҳ.
1 То — ки дар натиҷа.
2 Турраҳот — суханҳои беҳуда, газоф.
3 Руқъат — нома, навишта.

пешина
аз 567
навбатӣ