Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Вазифаи ҳафтум он аст, ки ба илме напардозад, то илмеро, ки пеш аз он оғоз кардааст, ба камол расонад. Чӣ ҳамаи донишҳо бо тартиби зарурӣ мураттаб шудаанд ва ҳар як аз онҳо роҳест барои расидан ба дигарӣ. Ва мутааллими пирӯз касест, ки ин тартиб ва тадриҷро риоят кунад. Қола-л-Лоҳу таъоло: «Аллазина отайноҳуму-л-китоба ятлунаҳу ҳаққа тиловатиҳи»². Ай, аз донише даст барнамедоранд то он ҳангом, ки дар фаҳм ва амали он варзида шаванд. Ва қасди мутааллим дар ҳар илме бояд ки роҳ ёфтан ба болотарин дараҷаи он бошад. Пас ба сабаби вуқӯи хилоф дар миёни аҳли як фанн раво набошад, ки бар фасоди он фанн ҳукм шавад, агарчӣ як ё чанд хато дар он роҳ ёфта ва илму амали асҳоби он бо якдигар ҳамоҳанг набошад. Чӣ гурӯҳеро мебинӣ, ки аз пардохтан ба масоили ақлӣ ва фиқҳӣ канора гирифта ва баҳона овардаанд, ки агар онро асле буд аҳли он бад-он даст меёфтанд – ки аз ин шубҳаҳо дар китоби «Меъёру-л-илм» парда бардошта шудааст – ва гурӯҳи дигар барои хатое, ки аз як пизишк дидаанд, тибро нодуруст мепиндоранд ва дигар гурӯҳ ба сабаби он ки аҳқоми нуҷум бо сарнавишти як нафар мувофиқ шуда ба он дил бастаанд ва гурӯҳе ба сабаби ноҳамоҳангии он бо сарнавишти дигаре онро ботил донистаанд. Ва ин ҳама нодуруст аст, бал сазовор аст, ки ҳар чизе дар ҳадди худ шинохта шавад, чӣ ҳар илме бакамол барои ҳар шахсе фароҳам нашавад. Ва барои ин Алӣ – разия-л-Лоҳу анҳу – фармудааст: «Ҳақро ба василаи мардон нашинос, ҳақро бишинос то аҳли онро бишинӣ»³.
1 [Тамоми вазифати ҳафтум аз чопи арабии Булок тарҷума шуд].
2 Бақара, 2:121.
3 Ҳамаи матолиби «вазифати ҳафтум» аз тарҷумаи форсӣ ва бархе чопҳои арабӣ, ҳатто аз китоби «ал-Маҳаҷҷату-л-байзо» афтодааст. Бинобар ин, он чи дар ин ҷо афзуда шуда, аз асли «Эҳёу улуми-д-дин»-и чопи Миср баргузида ва ба форсӣ тарҷума кардаем. Аммо дар мавриди афтодагии ин бахш, дар хошияи сафҳаи 31

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо