Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Вазифати ҳаштум он аст, ки сабабе [ро], ки шарафи илмҳо бад-он тавон донист, бишиносӣ ва он ду чиз аст: яке шарафу самара ва дуввум устувории далел ва қуввати он. Ва мисоли он чун илми дин ва илми тиб аст, ки самараи яке ҳаёти абадӣ аст ва самараи дигаре ҳаёти нопойдор. Пас, илми дин шарифтар бувад. Ва [чун] илми ҳисоб ва илми [нуҷум], ки ҳисоб шарифтар ба сабаби устувории далелҳо ва қуввати он. Ва чун ҳисобро ба тиб нисбат кунӣ, ба эътибори самараи тиб шарифтар бошад ва ба эътибори адалли ҳисоб. Ва мулоҳазаи самараи ӯло ва ба сабаби он тиб шарифтар, агарчи он тахмин аст. Ва бад-ин рӯшан шавад, ки шарифтари илмҳо маърифати Ҳаққ таъоло ва фариштагон ва китобҳо ва пайғамбарони Ӯст ва донистани тариқе, ки бад-ин илмҳо бирасонад. Пас бипарҳез аз он ки туро рағбате ва ҳирсе бошад ҷуз дар он.
Вазифати нӯҳум он аст, ки қасди мутааллим дар ҳол оростани ботин ва хуб гардонидани он ба фазилат бошад ва дар маол, қурби Ҳаққ таъоло ва тараққӣ ба ҷавори малаи аъло аз фариштагону муқаррабон, на меҳтарӣ ва молу [ҷоҳ ва] муғолабаи сафиҳон ва муфоҳараи акрон. Ва чун мақсуд он бошад, ҳаройина он талабад, ки ба мақсуд наздиктар ва он илми охират аст. Ва маъа ҳозо набояд, ки дар илмҳои чопи сангии Теҳрон (ҷумодио-л-улои 1293 ҳ.қ.) чунин ёд шудааст: «Иълам анна ҳозиҳи-л-ибора, яънӣ ал-вазифата-с-собиъата би-тамомиҳо мо вақаъа фи нусхатин мина-н-нусхахи-л-мавҷуда, илла-н-нусхата-л-Мисрия ва қад кона фи аввали ҳоза-л-боб ихтилофу-н-нусах фи адади-л-вазоиф, фи баъзиҳо ашара ва фи баъзиҳо тисъа, локин ан-нусах закару фи-л-иҷмоли ашран ва мо закару фи-т-тафсилин илло тисъан ва асқату ҳозиҳи-л-вазифа, сараду-л-адади мураттабан ила-л-охар. Аӣ, ҷаъалу-л-вазифата-с-сомината мин ҳозиҳи-н-нусах собиъа ва-т-тосиъата сомина ва-л-оширата тосиъа». - Хедевчам дигар ба чашми ҳақорат нигарад, аънӣ илми фатовӣ ва илми наҳву луғат, ки тааллуқ ба Китобу суннат дорад ва ҷуз он ки дар муқаддамот ва мутаммамот аз анвои илмҳо, ки фарзи кифоят аст, овардаем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо