Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

[Чӣ] муболағати мо дар ситоиши илми охират тақбеҳи ин илмҳо [нест], бад-он чи мутакаффилони сағрҳо¹ ва муробитони² онанд. Ва ғозиён муҷоҳидонанд дар роҳи Ҳаққ таъоло ва баъзе аз эшон ҷанг кунанд ва баъзе мадади эшон бошанд ва баъзе об диҳанд ва баъзе ба тааҳҳуди сутурон машғул шаванд. Ва ҳеҷ кас аз эшон бе савоб намонад, чун қасд эълои калимаи Худой бо- шад, на гирифтани ғанимат. Пас уламо ҳамчунинанд.

Қола-л-Лоҳу таъоло: «Ярфаъу-л-Лоҳу-л-лазина оману минкум ва-л-лазина уту-л-илма дараҷотин»³. Ва қола: «Ҳум дараҷотун инда-л-Лоҳи»⁴. Ва истеҳқори мо саррофонро ба қиёси [90] подшоҳон далел накунад бар ҳақорати саррофон ба қиёси канносон⁵. Ва гумон мабар, ки ҳар кӣ аз мартабае баландтар фурӯд ояд, ӯ алалитлоқ соқитулқадр бошад. Чӣ дараҷаи улё анбиёрост, пас авлиёро, пас уламои росиҳро, пас солеҳонро бар тафовути дараҷоти эшон. Ва дар ҷумла, ҳар кӣ мисқоли заррае некӯӣ кунад, савоби он бинад ва ҳар кӣ мақсуди ӯ аз илм Ҳаққ таъоло бошад, ҳар илме, ки бу- вад, сабаби манфаат ва рифъати дараҷаи вай шавад.

Вазифати даҳум он аст, ки нисбати илмҳо ба мақсад бидонӣ, то наздикро бар дур ва муҳимро бар ғайри муҳим ихтиёр кунӣ. Ва муҳим он бошад, ки туро қалаку⁶ андӯҳгин кунад.

¹ Сағр – сарҳад, марз.
² Муробит – мувозиб ва мулозими сарҳад (сарҳади мусулмо- нон), қаровуле, ки асбони худро дар сугури Билоди душман ҳозир нигаҳ дорад.
³ Муҷодала, 58:11.
⁴ Оли Имрон, 3:163.
⁵ Каннос – руфтагар, ҷӯбкаш, зуболакаш.
⁶ Қалақ – беором шудан, музтариб шудан, беоромӣ, изтироб.

пешина
аз 567
навбатӣ