Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва қалаку андӯҳгин накунад туро ҷуз кори ту дар дунёву охират. Ва чун миёни лаззати дунё ва неъмати охират ҷамъ натавон кард – чунон ки Қуръон бад-он нотиқ аст ва аз нури басиратҳо он чи қоиммақоми аён аст бар он шоҳид – пас муҳимтар он бошад, ки ҳамеша бимонад. Ва бар ин сиёқ дунё манзил шавад ва тан маркаб ва амалҳо шитофтан сӯи мақсад. Ва мақсад нест магар лиқои Ҳаққ таъоло, ки ҳамаи неъмат дар он аст, агарчи қадри он дар ин олам бештаре надонанд. Ва илмҳоро чун ба саодати лиқои Ҳаққ таъоло ва назар дар ваҷҳи карими Ӯ изофат кунӣ - аъْنӣ назаре, ки анбиё онро фаҳм кардаанд ва толиби он буда, на он ки ба фаҳми авомм ва мутакаллимон собиқ шудааст – бар се мартаба аст. Ва ба мувозанаи мисол он мафҳум шавад. Ва мисоли ӯ он аст, ки озодии бандае ва тамаккуни ӯ дар мулк муаллақ бошад ба ҳаҷ. Ва вайро гуфта шуда, ки агар ҳаҷ кунӣ ва онро ба итмом расонӣ, ба озодӣ ва мамлакат расӣ ва агар ҳаҷ оғоз кунӣ ва мустаидди он шавӣ ва дар роҳ монее зарурӣ оиқ¹ шавад, озодӣ ва халос аз ранҷи бандагӣ ёбӣ ва саодати мамлакат на. Пас, ин бандаро се навъ шуғл бошад. Аввал муҳайё кардани асбоб чун харидани шутур ва дӯхтани ровия² ва сохтани³ зоду роҳила. Ва дуввум ҷудой аз ватан ва супурдани роҳи бодия – манзил-манзил – ва рӯй ба Каъба овардан. Ва севвум ба аъмоли ҳаҷ машғул шудан, ба рукне пас аз рукне ва пас аз берун омадан аз ҳайъати эҳром ва тавофи вадоъ, истеҳқоқи тааррузи мулку салтанат [ёбад]. Ва ӯро дар ҳар мақоме аз ин манзилҳост, аз аввали сохтагӣ то охири он ва аз бидояти сулуки бодия то ниҳояти он ва аз ифтитоҳи аркони ҳаҷ то ихтитоми он.
Ва наздикии он кас, ки аркони ҳаҷ оғоз кардааст ба саодат, на чун наздикии он кас, ки ҳанӯз дар сохтагии зоду роҳила аст ва на чун наздикии он кас, ки дар аввали сулуки бодия аст, бал аз ӯ наздиктар аст.
¹ Оиқ – боздоранда, он чи ки сари роҳи касе ё чизе воқеъ шавад.
² Ровия – машки бузурги об, тӯшадон.
³ Сохтан – омода кардан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо