Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Пас, илмҳо низ се қисм аст:

Қисми аввал чун сохтани зоду роҳила аст ва харидани шутур. Ва он илми тиббу фиқҳ аст ва он чи тааллуқ ба масолеҳи тан дорад дар дунё.

Ва қисми дуввум чун сулуки бодия аст ва қатъи ақабот. Ва он пок кардани ботин аст аз тирагии сифот ва баромадан аз ақабаҳои баланд, ки мутақаддимон [91] ва мутааххирон аз он оҷиз шудаанд, магар муваффиқон. Ва ин сулуки роҳ аст. Ва ҳосил кардани илми ӯ чун ҳосил кардани илми ҷонибҳо ва манзилҳои роҳ аст. Ва чуноне ки илми манзилҳо ва роҳҳои бодия бе сулуки он суд надорад, илми таҳзиби ахлоқ бе мубошарати таҳзиб суд надорад, лекин мубошарат бе илм муяссар нашавад.

Ва қисми севвум ҳамчун нафси ҳаҷҷу аркон аст. Ва он илм аст ба Худой ва сифоти Ӯ ва малоика ва афъоли Ӯ ва кулли он чи дар тароҷими илми мукошафа ёд кардаем ва ин ҷо растан аст ва зафар ёфтан бар саодат. Ва растан ҳамаи соликони роҳро ҳосил аст, чун ғарази эшон мақсад бошад ва он саломат аст. Ва аммо зафар [бар] саодат наёбанд, магар орифон, пас эшон наздиконанд ва парпардагон дар равҳу райҳон ва биҳишти Пурнозу неъмат. Ва аммо боздоштагонро аз расидан ба зурваи камол, раҳоиш ва саломат бошад. Чунон ки Ҳаққ таъоло гуфтааст: «Фааммо ин қона мина-л-муқаррабин. Фаравҳун ва райҳонун ва ҷаннатун наим. Ва аммо ин қона мин асҳоби-л-ямин. Фасаломун лака мин асҳоби-л-ямин». Ва ҳар кӣ рӯй ба мақсад наёвард ва ба талаби он барнахост ё бархост, лекин на барои фармонбардорӣ ва бандагӣ, бал барои ғаразе, ӯ асҳоби шимол аст ва аз гумроҳон. «Фанузулун мин ҳамим. Ва таслияту ҷаҳим»1. Ӯро нузле аз оби гарм аст ва дар оташи афрӯхта андохтан ба ҷиҳати сӯхтан.

пешина
аз 567
навбатӣ