Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва бидон, ки ин ҳаққуляқин аст наздики уламои росих, ай, дарёфтаанд онро ба мушоҳада аз ботин, қавитар ва рӯшантар аз мушоҳадаи чашмҳо. Ва дар он аз ҳадди тақлиди ба муҷарради самоъ тараққӣ намудаанд. Ва ҳоли эшон ҳоли касест, ки хабар ёфт ва мусаддиқ шуд, пас мушоҳада кард ва мутаҳаққиқ гашт. Ва ҳоли ҷуз эшон ҳоли касест, ки ба ҳусни тасдиқ ва имон қабул кард ва аз мушоҳада ва иён баҳра наёфт. Ва саодат варои илми мукошафа аст. Ва илми мукошафа варои илми муомала, ки сулуки роҳи охират аст ва қатъи ақабаҳои сифот. Ва сулуки роҳи маҳви сифатҳои накӯҳида варои илми сифот аст. Ва илми тариқи муолаҷат ва кайфияти сулук ва он варои [илми] саломати тан аст. Ва мусоадати асбоби сиҳҳат ва саломати тан ба фароҳам омадан ва ҳампушт будан ва ёрӣ додан аст, ки либосу таом ва маскан ба василати он тавон ёфт ва он манут аст ба султон ва қонуни ӯ дар забти мардумон бар тариқи адлу сиёсат, [ки дар носияти2] фақеҳ аст. Ва аммо асбоби сиҳҳат [дар носияти табиб аст]. Ва он ки гуфт: «ал-Илму илмон: илму-л-адён ва илму-л-абдон», ишорат ба фиқҳ кард ва бад-он илмҳои зоҳири шоеъ хост, на илмҳои азизи3 ботин.
Мутарҷим мегӯяд: «Дар ин сухан ду ваҷҳ аст: [92] яке он ки илми адён фиқҳ аст ва илми абдон тиб. Ва бар ин ваҷҳ лозим ояд, ки илми зоҳирро хоста бошад, чунон ки мусанниф гуфтааст, чи илми охират, ки ашраф аст, дар ин дохил нест. Ва дуввум он ки илми адён илми охират аст аз мукошафа ва муомала ва илми абдон илми фиқҳ, чи дар он аҳкоми завоҳир ва ҷаворех аст. Ва бар ин ваҷҳ бад-он суҳан, ки мусанниф гуфтааст, ҳоҷат набошад. Ва бар ин ваҷҳ, фиқҳ адно бувад ва бар ваҷҳи аввал аъло».
1 Воқеа, 56:93-94.
2 Дар нусхаи Маҷлис: дар қабза; дар Шарҳи Забидӣ: фи ноҳия.
3 Азиз – камёб.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо