Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Суол: Чаро илми фиқҳро ва тибро ба сохтани зоду роҳила монанд кардӣ?

Ҷавоб: Бидон, ки саъйкунандаи1 сӯи ҳазрати Илоҳӣ, ки қурбат ёбад, дил аст на тан. Ва ба дил гӯшти махсусро намехоҳам, бал сирре аз асрори Илоҳӣ ва латифае аз латоифи Вай мехоҳам, ки ҳис онро дарнаёбад ва гоҳе онро рӯҳ хонанд ва гоҳе нафси мутмаинна. Ва шаръ онро дил гӯяд, бад-он чи ӯ аввал маҳаллест, ки таъсири он сир дар вай пайдо ояд ва ба воситаи ӯ кулли тан маҳалли таъсир ва олати амали ӯ шавад. Ва парда аз пеши он сир бардоштан аз илми мукошафа аст ва дар он заннате2 тамом аст, бал дар зикри ӯ рухсат нест. Ва ғояти изн он аст, ки гӯем: «Гавҳаре нафис ва дурре азиз аст, шарифтар аз ин ҷисмҳо, ки дида мешавад ва ӯ нест магар амри Илоҳӣ». Чунон ки Ҳаққ таъоло гуфт: «Ва ясъалунака ани-р-рӯҳ қули-р-рӯҳу мин амри Раббӣ»3. Ва ҳамаи махлуқот нисбат ба Худой дорад, валекин нисбати ӯ шарифтар аз нисбати дигар аъзои тан аст. Ва халқу амр ҳама Худойрост. Ва амр олитар аз халқ аст. Ва он гавҳари нафис, ки ҳомили амонати Худой аст ва бад-он бар осмону замин тақаддум ёфта – чун эшон аз ҳамли он ибо намудаанд ва аз он битарсида – аз олами амр аст. Ва ин суханро таъризе ба қидами рӯҳ мадон, чӣ мӯътакиди қидами арвоҳ мағрури ҷоҳил аст, ки намедонад чӣ мегӯяд.

Ва лозим аст, ки инони ин намат даркашем, чӣ ӯ варои он аст, ки мо дар онем. Ва мақсуд он аст, ки ин латифае шитобандааст сӯи қурбати Парвардигор, бад-он чи амри ӯст ва омадани ӯ аз ӯст ва бозгашти ӯ бад-ӯ. Ва аммо бадан матияи ӯст, ки бар он нишинад ва ба воситаи он саъй кунад. Пас тан вайро дар роҳи Худой чун ноқа аст танро дар роҳи ҳаҷ ва чун ровия аст, ки нигаҳдорандае аст, ки тан бад-ӯ мӯҳтоҷ аст. Ва ҳар илме, ки мақсуди ӯ маслиҳати тан аст, ӯ аз ҷумлаи масолеҳи маркаб аст.

1 Саъйкунанда – шитобкунанда.
2 Заннат – бахилӣ, дареғ кардан.
3 Исро, 17:85.

пешина
аз 567
навбатӣ