Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва пӯшида нест, ки тибб ҳамчунон аст, чи ҳоҷат бад-ӯ дар ҳифзи сиҳҳати тан аст ва агар одамӣ танҳо бошад, бад-ӯ мӯҳтоҷ бувад. Ва фарқ миёни ӯ ва фиқҳ он аст, ки агар одамӣ танҳо бувад, раво ки ба фиқҳ ҳоҷат набошад, валекин бар ваҷҳе офарида шудааст, ки танҳо зистани ӯ имкон надорад - чи мустақил он нест, ки дар таҳсили таом ба шадёр кардани замин ва киштану пухтан ва дар таҳсили ҷомаву хона ва сохтани олоти он ба кулли саъй тавонад кард. Пас, музтар аст [93] ба муҳолатат ва ёрӣ хостан. Ва ҳар гоҳ, ки мардумон ба ҳам омезанд ва орзуҳои эшон барангехта шавад, дар асбоби шаҳват муҷозабат кунанд ва мунозаат намоянд. Ва он ба муқотала анҷомад ва сабаби ҳалоки эшон шавад ба сабаби мунофасат аз берун, чунон ки музоддати ахлот аз дарун сабаби ҳалоки эшон аст. Ва эътидол дар ахлоти мутанозиа аз дарун ба тибб нигаҳ тавон дошт, чунон ки эътидол дар мунофасат аз берун ба сиёсату адл. Ва донистани тариқи эътидол дар ахлот тибб аст ва донистани тариқи эътидоли аҳволи мардумон дар муомалот ва аҳвол - фиқҳ. Ва кулли он ба ҷиҳати ҳифзи тан аст, ки маркаб аст.

Ва он ки бар илми фиқҳ ё тибб иқтисор намояд ва бо нафси худ муҷоҳада накунад ва дилро ба салоҳ наёрад, ҳамчунон бошад, ки бар харидани ноқа ва алафи он ва ровия ва дӯхтани он иқтисор намояд ва солики бодияи ҳаҷ нашавад. Ва он ки умри худ дар дақоиқи он калимот, ки дар муҷодалоти фиқҳ муҳаррар шавад, мустағриқ кунад, ҳамчунон бошад, ки умри худ дар дақоиқи он асбоб, ки риштаҳое, ки ровия аз он дӯзанд, бад-он мустаҳкам шавад, мустағриқ гардонад. Ва нисбати он ҷамоат аст ба касе, ки тариқи ислоҳи дилро солик бошад ё ба илми мукошафа восил, чун нисбати он ҷамоат аст ба соликони роҳи ҳаҷ ва мулобисони аркони он.

ПАС, дар ин тааммул воҷиб дор ва насиҳати ройгон қабул кун аз касе, ки вайро ба баҳои гарон ҳосил шудааст ва бад-он нарасида, магар пас аз кӯшиши сахт ва далерии тамом бар мубоянати халқ ва авом дар боз будан аз таклиди эшон ба муҷарради шаҳват. Ва ин миқдор дар вазоифи мутааллим басанда аст.

пешина
аз 567
навбатӣ