Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

БАЁНИ
ВАЗИФАТҲОИ МУАЛЛИМИ МУРШИД

Бидон, ки мардумро дар илми ӯ чаҳор ҳол аст, чунон ки дар иддиҳори1 мол. Чӣ соҳибмолро ҳоли истифодат аст, ки дар он муктасаб бошад ва ҳоли иддиҳори муктасаб, ки бад-он аз хостан бениёз шавад ва ҳоли нафақа бар худ, ки бад-он мунтафеъ ва ҳоли бахшидани дигареро, то сахӣ ва мутафаззил гардад ва он шарифтари аҳвол аст. Ва сармоя гирифтани илм чун сармоя гирифтани мол аст ва он ҳоли талабу иктисоб аст ва ҳоли таҳсил, ки аз суол бениёз кунад ва ҳоли истибсор ва он тафаккур аст дар ҳосилшуда ва таматтӯъ бад-он ва ҳоли табсири дигарӣ ва он шарифтари аҳвол аст. Пас, ҳар кӣ бидонад ва бар он кор кунад ва дигареро биёмӯзад, ӯ он аст, ки дар малакути осмон вайро азим хонанд ва он чун хуршед дар нафси худ рӯшан аст ва рӯшноибахши дигарон аст ва чун мушки хушбӯест ва хушбӯйкунанда. Ва он ки бидонад ва бар он [кор накунад, чун] дафтарест, ки ӯ аз илм холист ва дигареро аз ӯ илм ҳосил ва чун санги фасон2 аст, ки набурад ва ғайреро буррон кунад ва чун сӯзан, ки бараҳна аст ва дигареро бипӯшонад ва чун палитай3 чароғ, ки худ месӯзад ва дигареро рӯшноӣ медиҳад. Чунон ки шоир гуфт:

Мо ҳува илло зуболатун вақадат,
Тузию ли-н-носи ва ҳия таҳтарику.

Ва ҳар гоҳ, ки ба таълим машғул шуд, коре азим ва

__________________ 1 Иддиҳор - андӯхтан, пасандоз кардан.
2 Санги фасон - санге, ки бад-он корд, теғ ва шамшер тез кунанд.
3 Палита - фатила.

пешина
аз 567
навбатӣ